Нгуён Конг Хоан (таваллуд 6. 3. 1903, деҳаи Суанкау, музофоти Хын- тиен), нависандаи ветнамӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Ветнам (аз соли 1948). Соли 1926 омузишгоҳи педагогиро хатм намудааст; то соли 1945 муаллим буд. Иштирокчии Ҷанги Муқобилати халқи Ветнам (1945—54). Устоди ҳикояҳои хурди ҳачвӣ (маҷмӯаи «Актёр Ты Бен», 1935). Яке аз аввалин романҳои реалистии адабиёти Вьетнам — «Қадами охирин» (1938) —дар бораи деҳқони шӯрбахт ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Дар романҳои пасазинқилобиаш зимомдорони Ветнами феодалию мустамликавиро ҳаҷвнигорона тасвир кардааст: «Нимсоя ва нимравшанӣ»(1956), «Издиҳом» (1961), «Як туда кӯҳнакола» (1963). Муаллифи ёддоштҳои «Ҳаёти ман дар адабиёт» (1971). Аз соли 1957 ин ҷониб яке аз роҳбарони ИН Ветнам.
Tags Адабиёт Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …