Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 11)

Архив Месяца: May 2017

Некрасов Александр Иванович

1

Некрасов Александр Иванович (9. 12. 1883, Москва — 21. 5. 1957, ҳамон ҷо), олими советӣ дар соҳаи ме­ханика, академик АФ-СССР (1946; аъзо- корреспондент 1932). Соли 1906 Университети Москваро хатм карда, дар як қатор мактабҳои олӣ ба фаъолияти педагогӣ машғул шуд. Аз соли 1918 дар Университети Москва (аз 1937 профессор), солҳои …

Муфассал »

Некк

1

Некк (аэ англ, neck — гардан), ҷисми силиндршакли дар план эллипсмонанд, ки аз ҷинси эффузивӣ таркиб ёфтааст. Некк дар қисми болоии сӯрохи (гарданаи) вулқон аз сахт шуда мондани лаваи ғализ ба вуҷуд меояд. Баъди фарсудан ва шуста шудани ҷинсҳои атрофаш Некк дар рӯи замин хамчун сутуни алоҳидае боқӣ мемонад.

Муфассал »

Некии Исфаҳонӣ

Некии Исфаҳонӣ Зайнуддин Масъуд ибни Алии Ҳаллоҷ (соли таваллуд номаълум— вафот 1592), шоири форс-тоҷик. Дар Натанз ба дунё омада, дар Исфаҳои камол ёфтааст. Дар чавонӣ ба касби падар— ҳаллоҷӣ машғул буд. Баъд ба омӯзиши илм пардохт ва донишманду фозили давр гардид. Ба чанде аз шақрҳои Эрон сафар карда, бо шоирону …

Муфассал »

Нейтрон

1

Нейтрон (англисӣ neutron, аз лотинӣ neuter — на ину на он, ишораташ п), зарраи элементарии хунсо (безаряд)-и массаи сукунаташ тп = = (1,674920±0,000011) • 10 кг, спинаш 1/2/ (бо воҳидҳои h =h/2П ), ин ҷо h— собитаи Планк ва момен­ти магнитиаш Рт — — (1,91315±; 0,00007). Мя (Мя—магнетони ядро). Нейтронро …

Муфассал »

Нейтрино

1

Нейтрино (итал. neutrino — нейтронча, аэ ncutrone — нейтрон), зарраи элементарии аз ҷиҳати электрӣ хунсо, ки массаи сукунаташ хеле хурд (соли 1980 массаи Нейтриноро гурӯҳи физикҳои советӣ таҳти роҳбарии  В. А. Любимов муайян карданд, ки он аз массаи электрон 20 ҳазор маротиба хурд будааст), моменти магнитиаш баробари сифр, спинаш баробари …

Муфассал »

Нейтрализатсия

1

Нейтрализатсия (франс. nout- ralisalion, аз лотинӣ neuter —на ину на он), реакцияи нейтрализатсия реакцияи химиявии байни моддаҳое, ки хосияти кислотагӣ ва асосӣ доранд. Дар натиҷаи Нейтрализатсия нишонаҳои хоси ҳар ду модда аз байн мераванд. Реаксияи Нейтрализатсия дар саноати химия, коркарди партови баъзо корхонаҳо, таҷрибаҳои лабораторӣ ва хусусан дар таҳлили химиявй …

Муфассал »

Нейстон

1

Нейстон (аз юн. neustos — шиновар) организмҳое, ки ба пардаи қабати болоии об часпида дар рӯи он (э п и н е й с т о н) ё дар зери он (г и п о н е й с т о н) ҳаракат мекунанд. Ба Нейстон соддатаринҳо, обсабзҳои якҳуҷайрагӣ, гамбускҳои …

Муфассал »

Нейрохирургия

1

Нейрохирургия, илми клиникиест, ки назарияю амалияи ташхис ва бо роҳи ҷарроҳӣ табобат кардани бемориҳои системаи асабро меомӯзад. Нейрохирургия соҳаҳои зеринро дар бар ме­гирад: нейроонкология, нейротравматология, нейроангиология ва ғайра. Нейрохирургия чун илми мустақил дар аввали асри 20 ҷудо шуд. Аввалин ҷарроҳии ней­рохирургӣ — трепанасия (кушодани косахонаи сар)-и одам ҳанӯз дар асри …

Муфассал »

Нейропсихология

1

Нейропсихология, соҳаи пси­хология, ки просессҳои психикии асоси майна ва алоқаи онҳоро бо системаҳои алоҳидаи мағзи cap меомӯзад. Психологияи идеалистӣ дар тӯли асрҳо тасдиқ мекард. ки просессҳои майна (физиологӣ) ва шуурнокӣ (психологӣ) бевосита ба ҳамдигар ё баробар, ё ба тариқи таъсири муайяни тарафайн, вале мустақилона ҷорӣ мешаванд. Масъалаи неврологии клиникӣ оид …

Муфассал »

Нейрон

1

Нейрон (аз юн. neuron — пай, асаб), неврон, ҳуҷайраи асаб, воҳиди асосии функсионалӣ ва структурии системам асаб. Сигналҳои аз ресепторҳо ояндаро қабул карда ба нӯгҳои таъсирпазири асаб. ки фаъолияти узвҳои кори (мушак, ҳуҷайраҳои ғадудҳо ва ғайра)-ро идора менамоянд, интиқол мекунад. Нейрон ба мисли ҳамаи ҳуҷайраҳои зинда майнача ва протоплазма дорад. …

Муфассал »