Маълумоти охирин

Архивы за день : 30.05.2017

Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ

Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди асри 17 тоҷик. Гузаштагони Неъмат аслан аз Мастчоҳ будаанд. Неъмат дар Самарқанд таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо камол ёфта, илмҳои сарфу наҳв, мантиқу калом, ҳикмату ҳайат, ҳадису тафсир, фиқҳ, ва инчунин рамлу нуҷум арузу қофияро мукаммал омӯхтааст. Неъмат …

Муфассал »

Несчанголҳо

1

Несчанголҳо (Chelicerata), зертипи ҳайвонҳои бемӯҳра, аз типи буғумпойҳо. Баданашон аз сарсина (просома) ва 6 узви иловагӣ — чанголҳо, педипалпҳо,  4 ҷуфт пой ва шикамча (опдстосома) иборат аст. Боқимондаҳои Нешчанголҳои мурдарафтаи обӣ аз давраи кембрий ва хушкигард аз давраи девон маълуманд. Нешчанголҳо ба ду синф — тортанакшаклҳо ва найзадумҳо ҷудо мешаванд.

Муфассал »

Нешу

1

Нешу, 1) навъи олуст, ки онро олуи табрӣ низ гӯянд; 2) асбоби ҷарроҳии қадима. Ниг. низ Нештар.

Муфассал »

Нештар

1

Нештар, асбоби ҷарроҳии қади­ма, ки теғи дутарафаи тез дошт. Нештар барои буридани ҷои фасод, раги венозӣ ҳангоми хунсардиҳӣ ва барои черткунӣ истифода мешуд. Дар амалияи тибби муосир онро скалпел (навъи дигари нештар) иваз карда аст.

Муфассал »

Нешзанӣ

1

Нешзанӣ, нешзанни тухм, рушди тухм, просесси аз ҳолати оромӣ ба фаъолияти пуршиддати ҳаётӣ гузаштани тухм, ки дар натиҷаи он чунин сабзида, навниҳол ташаккул меёбад; марҳалаи ибтидоии онтогенези растанӣ мебошад. Нешзанӣ фақат ҳангоми будани миқдори кофии намӣ, оксиген, ҳарорати муайяни гармӣ ва баъзан режими муайяни рӯш­ной ба амал меояд. Нешзанӣ бо …

Муфассал »