Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May / 26 (страница 4)

Архивы за день : 26.05.2017

Нейро

1

Нейро… невро… (аз юн. neuron —пай, асаб),қисми калимаҳои мураккаб, ки ба системаи асаб тааллуқ доштанро ифода менамояд, масалан, нейрохирургия.

Муфассал »

Нейман Станислав Костка

1

Нейман (Neumann) Станислав Костка (5. 6. 1875, Прага — 28. 6. 1947, ҳамон ҷо), шоири чех, Санъаткори Халқии Чехословакия (1945). Соли 1893 барои иштирок дар ҳаракати студентон ва коргарони ҷавон ба хабс гирифта мешавад ва аввалин шеърҳояшро дар он ҷо менависад. Солҳои 90 ба символистон ҳамроҳ буд (маҷмӯаи «Ман хавории …

Муфассал »

Незвал Витезслав

1

Незвал (Nezwal) Витезслав (26. 5. 4900, Бискоупки, Моравия —6. 4. 1958, Прага), шоири чех, Санъаткори Халқии Чехословакия (1953). Аз соли 1924 аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия. Соли 1919—22 дар университетҳои Брно ва Прага ҳуқуқ ва фалса­фро омӯхтааст. Дар достони «Ҷодугари ҳайратовар» (1922), маҷмӯаҳои «Пантомима» (1924), «Гулбогчаи садбарг» (1926) оҳангҳои револютсионӣ садо …

Муфассал »

Нежон Жак Андре

1

Нежон (Naigeon) Жак Андре (15. 7. 1738, Париж —28. 2. 1810, ҳамон ҷо), файласуфи материалист, атеис­ти франсавӣ, намояндаи мутааххири маорифпарварон. Соли 1795 аъзои Ин­ститути Франсия, 1803 аъзои Академияи Франсия буд. Нежон котиб ва ҳамкори наздики П. Гольбах буда, дар тайёр намудани асарҳои «Системаи табиат», «Масеҳияти фошшуда» ва ғайра фаъолона иштирок …

Муфассал »

Нежданова Антонина Василь­евна

1

Нежданова Антонина Василь­евна (16.6.1873, деҳаи Кривая Бал­ка, ҳозира pайони Сарати вилояти Одесса — 26. 6. 1950, Москва), сарояндаи советни рус (сотсранои лирикӣ- колоратурӣ), Артисти Халқии СССР (1936), доктори илми санъатшиносӣ (1944), Қаҳрамони Меҳнат (1925). Аз 7-солагӣ месуруд. Солҳои 1899-1902 дар Консерваториям Москва (синфи У. Мазетти) таҳсил намудааст. Аввалин бор дар …

Муфассал »

Зденек Неедли

1

Неедли (Nejedly) Зденек (10. 2. 1878, Литомишл — 9. 3. 1962, Пра­га), олим ва ҳодими ҷамъиятӣ, мусиқишинос, муаррих ва мунаққиди адабии чех; аъзои АФ ва Академияи санъати Чехия (1907), асосгузор ва президенти АФ Чехословакия (аз 1952). Аъзои ПК Чехословакия аз соли 1929. Факултети фалсафаи университети Карловро дар Прага хатм кард. …

Муфассал »