Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May / 24 (страница 4)

Архивы за день : 24.05.2017

Нағма

1

Н а ғ м а  (ар. — наво, оҳанг), садои мусиқӣ, тон. Бо садо доданаш ба лаҳни хосу дар авҷи муайян аз дигар садоҳои табиӣ фарк мекунад. Олимони Шарқ Нағмаро ба ду навъ ҷудо кардаанд: қавлӣ (овози инсон) ва феълӣ (садои сози мусиқӣ). Оҳангу сурудҳо аз маҷмӯи зарбу Нағмаҳо таркиб …

Муфассал »

Нағзакканӣ

1

Нағзакканӣ обилакӯбӣ, усули пешгирии нағзаки табиӣ бо роҳи сирояти сунъии одам ба воситаи вируси ваксинаи нағзак. Дар замонҳои қадим дар Хитой, Ҳиндустон, Африка усули вариолясия истифода мешуд. Мувофиқи ин усул ба зери пусти одами солим (ё ба пардаи луобии бинӣ) дубобча ё рими хушконидаи нағзакро мефиристоданд. Дар натиҷа беморӣ сабуктар …

Муфассал »

Нағзаки растанӣ

1

Нағзаки растанӣ, шарка, касалии хавфноки меваҷоти донакдор, ки вируси Prunus virus 7 ба вуҷуд меорад. Дар рӯи барг, мева ва донаки растаниҳои касал доғҳои pax- pax ё ҳалқашакли зард ва б бунафши баланд пайдо мешаванд. Ҳангоми касалӣ карантини дохилӣ эълон мекунанд. Нағзаки растанӣ бештар ба олу, зардолу, олуча ва шафтолу …

Муфассал »

Нағзак

1

Нағзак, чечак, 1) касалии си­роятии шадиди вирусӣ. Дар одам Нағзак аз замонҳои қадим маълум аст. Аз соли 1796 ба муқобили Нағзак ваксина (моя) мегузаронанд. Нағзак дар Россия аз асрҳои 15—16 ва дар Белоруссия аз соли 1908 маълум аст. Дар бисёр мамлакатҳои Осиё, Аме­рикаи Ҷанубӣ ва Африка вомехӯрад. Нағзак дар РСС …

Муфассал »

Наът

1

Наът (ар. — таъриф, васф, ситоиш), яке аз унсурҳои асари бадеист дар адабиёти классикии форс- тоҷик. Дар адабиёти баъзе халқҳои Шарқ низ мушоҳида мешавад. Аксари шоирону нависандагони гузашта дар аввали маснавӣ, достонҳои лирикии эпикӣ, девонҳои ғазалиёту қасоид, баъзе асарҳои илмию таърихӣ ва ғайра баъди ҳамду муноҷот Наът гуфтаанд. Наътро асосан …

Муфассал »

Наъно

1

Наъно, пудинаи боғӣ, ҳулбӯи обӣ (Mentha_pi­perita), гиёҳи бисёрсолаи хушбӯест аз оилаи лабгулҳо. Баландиаш 50— 100 сантиметр, пояаш рости сершоха, баргаш кӯтоҳдумчаи байзашакли дарозрӯя (дарозиаш 3—6 сантмиетр, бараш 1,5—2 сантиметр), гулаш майдаи дуҷинса, сурхтоби бунафш, гулобӣ ё бунафш, хушбую сершаҳд (занбӯр аз гулҳои ҳар га наънозор то 200 кг шаҳд меғундорад), …

Муфассал »

Наъл

1

Наъл, олати филизиест, ки барои муҳофизати суми ҳайвоноти боркаши хонагӣ (асп, хар) ва пешгирӣ кар­дан аз фитшавӣ ба пошна ва тагчарми баъзе навъҳои пойафзол (кафш, мӯза ва ғайра) мезананд. Дар замонҳои пеш барои муҳофизати пошна кафши аз най, лиф, пахол, ресмон бофташуда ба кор мебурданд. Баъдтар аз оҳан сохтани Наъл …

Муфассал »

Нашъамандӣ

1

Нашъамандӣ, гиёҳмандӣ, бангигӣ, наркомания, ҳолати ба моддаҳои наркотики (морфин, афъюн, кокаин, нашъа ва ғайра), хобовар (барбамил, нембутал, мединал ва ғайра), рафъи дард (промедол, фе­насетин, амидопирин ва ғайра) одат кар­дан (хуморӣ шудан). Ҳангоми Нашъамандӣ фаъолияти ҳаётии организм фақат дар сурати истеъмоли доимии наркотикҳо ба дараҷаи муайян нигоҳ дошта мешавад. Қатъи якбораи …

Муфассал »

Нашъагиёҳ

1

Нашъагиёҳ (Can­nabis ruderalis), як навъ растании худрӯест аз оилаи тутиҳо. Балан­дии пояаш 1—2 метр, барги парра- парраи рӯ ба рӯ ҷойгиршуда ва гули якҷинса дорад. Нашъагиёҳ асосан дар Осиёи Миёна (Помиру Олой, Тиёншон), қисми ҷануби европоии СССР, Кавказ, Сибири Ғарбӣ ва Европаи Ҷануби Шарқӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон Нашъагиёҳ дар …

Муфассал »

Нашъа Муҳаммадсолеҳ

Нашъа Муҳаммадсолеҳ ибни Муҳаммадмуъмин (соли таваллуд номаълум — вафот 1688, Лоҳур), шоири тоҷик. Мувофиқи маълумоти «Музокир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқан- дй Нашъа дар Самарқанд ба дуньё омада, дар ҳамин ҷо дар мадрасаи Қозӣ Абдулғафур бо тазкиранигор ҳамдарс будааст. Дар шоирӣ Нашъа шогирди шоири асри 17 Бадеи Ҷамолистонӣ буд. Пас аз афзудани зулму …

Муфассал »