Нахӯдшӯрак, як навъ таоми миллии тоҷикист. Аз гӯшт, пиёз, сабзӣ, картошка шӯрбо мепазанд. Пас картошкаю сабзиро ба зарфе мебардоранд ва сабзиро наргасӣ мекунанд. Нахӯди тарро шуста ва покиза карда дар оби шӯрбо мепазанд. Баъди пухтан нахӯдро ба табақчаҳо кашида, ба болояш баъзан гӯшт, картошка, сабзии наргисӣ мегузо- ранд, барои хушхӯртар …
Муфассал »Архивы за день : 23.05.2017
Нахӯдбирён
Нахӯдбирён як навъ таоми миллии тоҷикист. Онро бо роҳҳои гуногун тайёр мекунанд: 1) нахӯди тарро дар оби намакин мепазандва баъди хушкидан онро дар дег бирьён менамоянд; 2) нахӯди дар об варамкардаро аз пусташ тоза ва хушк карда дар дег бирён мекунанд. Баъзан нахӯдро якҷоя бо гандум ё зағир низ таф …
Муфассал »Нахӯд
Нахӯд (Cicer arietinum), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо; яке аз қадимтарин растаниҳоп мазрӯъ. Баландиаш аз 10 то 80 сантиметр, пояаш роста сершоха, баргаш мураккаби пармонанди тоқабаргча (дарозиаш 2,5—7 сантиметр) буда, аз 4—8 ҷуфт баргча таркиб ёфтааст; баргчааш эллипсӣ, баъзан байзашакл (дарозиаш 1— 1,8 сантиметр), гулаш майдаи сафед, гулобӣ, бунафш ё …
Муфассал »Нахшаб
Нахшаб, нигаред Насаф.
Муфассал »Оҳанги «Нахчиргон»
«Нахчиргон» шикор, шикоргоҳ), 1) оҳанги маросимии қадимист. Яке аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гушаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар шӯъбаҳои «Наҳованд» ва «Ҳумоюн» амал дошт.
Муфассал »Нахчир
Нахчир, нахҷир, бузи кӯҳӣ, бузи шахгард, оҳу (Capra (Ibex) sibirica), ҳайвони ваҳшии ҷуфтсумест аз ҷинси буз. Дар РСС Тоҷикистон як зернамуди Нахчир (С. s. alaiana) маълум аст. Нахчир калонҷусса буда, рангаш ашҳаби бӯртоб ё сиёҳтоб, ду паҳлӯ ва гарданаш хол-хол, вазнаш аз 40—60 киллограмм (моданахчир) то 100—130 киллограмм (нарнахчир), шохаш …
Муфассал »Нахустдаҳонҳо
Нахустдаҳонҳо (Protostomia), гурӯҳи ҳайвонҳои бемӯхра, ки паҳнкирмҳо(Plathelminthes), немертинҳо (Nemertini), ҳалқакирмҳо (Annelides), нармбаданҳо (Mollusca), бандпойҳо (Arthropodа) ва ғайрароро дарбар мегиранд. Инкишофи Нахустдандонҳо чунин аст: дар ҷои даҳони нахустин (бластопора) ё дар қисми пеши он сӯро- хии даҳон ва дар охири тана сӯрохии пушт ба вучуд меояд.
Муфассал »Нахс
Нахс (ар. — хала), аломати бемориест, ки онро мариз чун ба узви худ халида шудани сузан ё сихи тез ҳис мекунад; баъзан он муттасил ва давомнок буда, гоҳо муддате да- вом мекунаду ором мегардад.
Муфассал »Шаҳри Находка
Находка, шаҳрест (аз 1950) дар кишвари Приморияи РСФСР. Бандар дар халиҷи Находкаи баҳри Япония. Яке аз марказҳои калонтарини нақлиёт ва саноати моҳидории Шарқи Дур. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 133ҳазор. нафар (1979). Дар Находка заводи таъмири киштӣ, фабрикаи қуттиҳои тунукагӣ, комбинати моҳӣ ҳаст, маснуоти оҳану бетонӣ истеҳсол карда мешавад. Омӯзишгоҳи баҳрнавардӣ, …
Муфассал »Нахлӣ Мирмуҳаммади Бухороӣ
Нахлӣ Мирмуҳаммади Бухороӣ. Нигаред. Ҳофизи Таниш.
Муфассал »