Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May / 20 (страница 4)

Архивы за день : 20.05.2017

Насл

0

Насл (ар. — авлод, насаб), дар биология, як гурӯҳ фардҳоро дар популятсия гӯянд, ки бо гузаштагони муштараки худ каробати якхела доранд, яъне авлоди бевоситаи фардҳои Насли гузашта мебошанд. Давомати ҳаёти Насл ба синни миёнаи репродуктивие мувофиқ меояд, ки барои маҷмӯи фардҳои мазкури намуди муайян хос аст.

Муфассал »

Наск

0

Наск (Lens), ҷинси растаниҳои яксолаест аз лӯбиёиҳо. Пояаш рост ё каме хам, баландиаш 20—55 см. Баргаш майдаи мӯякдор, гулаш майда, сафед, гулобӣ ва бунафши ка- будча, 1—3-тоӣ дар бари барг ҷойгир аст. Наск худ аз худ ва ба воситаи ҳашарот гардолуд мешавад. Ғилофакаш кӯтоҳи ромбшакл, ду-се, баъзан як дона дорад. …

Муфассал »

Насия

0

Насия (ар. V-*), харидуфурӯше, ки дар он баҳои молу матоъро нақд надода, балки баъди чанд муддат медиҳанд. Нигаред низ Кредит.

Муфассал »

Насируддини Тӯсӣ Абӯҷаъфар

Насируддини Тӯсӣ Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳа­сан (1201, Тӯс — 1272, Бағдод), олим ва файласуфи асри 13 форс-тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар (сарфу наҳв, фиқҳ) ва амакаш (мантиқ ва фалсафа) гирифта, барои такмили дониш ба Нишопур рафт. Баъди тохти муғулҳо ба Эрон (тақрибан соли 1227) ба Кӯҳистон фирор кард ва …

Муфассал »

Насирои Ҳамадонӣ

Насирои Ҳамадонӣ Хоҷа Насируддин ибни Хо­ҷа Масъуд ибни Хоҷа Ҳасанбеки Баруҷардӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1621), шоир ва насрнависи эронӣ. Насирои Ҳамадонӣ аз хонадони маъруф буда, бобоёнаш дар Баруҷард ҳукмронӣ мекардаанд ва баъдтар сокини Ҳамадон шудаанд. Насирои Ҳамадонӣ дар Ҳамадон ба дуньё омадааст. Ӯ илмҳои замонаш, хусусан риёзиётро ба …

Муфассал »

Насимӣ Саидимомуддин

Насимӣ  Саидимомуддин (тақрибан 1369—1417, Ҳалаб), шоири озарбойҷонӣ. Аз оилаи деҳқон. Ба забонҳои озарбойҷонӣ, форсӣ ва арабӣ шеър гуфтааст. Тахаллусҳои дигараш — «Ҳошимӣ», «Санд», «Ҳусайнӣ». Шоир дар муҳити аҳли хунар ба камол расида, илмҳои фиқҳ, мантиқ, риёзиёт, ҳайъат ва ғайраро омӯхтааст. Насимӣ шоири озодфикре бу­да, дар ашъораш ба қудрати хиради инсон …

Муфассал »

Насим

0

Насим, боди форам, боди субҳ, боди сабукеро гӯянд, ки дар соҳилҳои баҳру кӯлҳои калон мевазад. Насим вобаста ба пасту баланд будани ҳарорати сатҳи хушкӣ ва ҳавои болои он ба вуҷуд омада, дар тӯли як шабонарӯз ду маротиба самташро дигар мекунад: Насими  рӯзона ё баҳрй аз баҳр ба сӯи соҳили тафсон …

Муфассал »

Насибии Кирмоншоҳӣ

Насибии Кирмоншоҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 эронӣ. Фаъолияти эҷо-диаш дар дарбори Фатҳалишоҳӣ Қоҷор (ҳукмронии 1797—1834) оғоз ёфт. Ӯ дар ин ҷо обрӯю эътибори зиёде дошт ва ба унвони «фахрушшуаро» расида буд. Баъдтар Насибии Кирмоншоҳӣ ба Ҳиндустон сафар карда, дар шаҳри Лакҳнав зиндагӣ ихтиёр менамояд ва мувофиқи …

Муфассал »

Насиб

Насиб (ар. vt-5 —олинажод), яке аз қисмҳои қасида, ки пеш аз мадху ситоиши мамдӯҳ меояд. Шоир барои ороиши шеър ва ҷалб намудани диққати хонанда дар сито­иши маъшуқа, гулу сабза, бору баҳор, бода ва ғайрв чанд байтеро дар мавзӯи ишқу ошиқӣ меорад. Бештари қасидаҳои шоирони форс-тоҷик (Рӯдакӣ, Дақиқй, Фаррухӣ, Ману- чеҳрӣ, …

Муфассал »

Шаҳри Насаф

1

Нахшаб, яке аз шаҳр — вилоятҳои қадимаи водии Қашқадарёст. Дар сарчашмаҳои хитоии асрҳои 5—8 бо номи Нашэбо маълум аст. Баъди аз тарафи арабҳо истило шудани Мовароуннаҳр бештар бо номи Насаф машҳур гашт. Насаф то истилои арабҳо ба ҳайати давлатӣ Суғд дохил буд. Дар вилоят аз сабаби камобӣ бештар лалмикорӣ равнақ …

Муфассал »