Маълумоти охирин

Архивы за день : 20.05.2017

Натюрморт

0

Натюрморт (франс. nature morte — табиати беҷон), жанри санъати тасвирист, ки дар он гул, мева, сабзавот, парранда, ашьёи рӯзгор, дастархони пурнеъмат, олоти ҷудогона» меҳнат ва ғайра тасвир карда мешавад. Ҷуз ашьёи беҷон (масалан, ашьёи рӯзгор) дар Натюморт предметҳои табиати зиндаро аз мавқеи табииашон чудо карда, ҳамчун чизи алоҳида тасвир мекунанд …

Муфассал »

Натъ

Натъ (ар. — суфра ё фарши чармин), арса; суфра, руқъа, бисоти шатранҷ, тахтаи ш о ҳ м о т, 1) тахтаест ба шаклу андозаҳои гуногун, ки дар рӯи он мувофиқи навъи шоҳмот ва тарзи бозии он хоначаҳо марқум кардаанд. Натъҳои мураббаъ, мудаввар (до­ира), мусаддас (шашгӯша), чалипо (салибшакл) ва ғайра мавҷуданд, …

Муфассал »

Натф

0

Натф  (ар.   — кандан, кофтан), шикастани косаи сарро гӯянд, ки ҷароҳат ба мағзи cap нарасида бошад.

Муфассал »

Натурфалсафа

0

Натурфалсафа (аз лот. natuга —табиат ва фалсафа), фалсафаи табиат, таъбири назарии табиат. Натурфалсафа табиатро ба таври яклухт мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Ода- тан барон Натурфалсафа таъбирн ғайритаҷрибӣ ва муҷарради ҳодисаҳои олам хос аст. Дар ибтидо Натурфалсафа барои ташаккули фалсафа роли муҳим бозид ва аз асотиру тахайюлоти мавқум бевосита ба ҷустуҷӯи …

Муфассал »

Натурализм

0

Натурализм (франсавӣ. naturalisme, аз лотинӣ nature — табиат), 1) дар фалсафа, назаре ба олам аст, ки мувофиқи он табиат принсипи ягона ва умумии шарҳи ҳамаи мавҷудот буда, зуҳуроти ғайритабиӣ ва «фавқуттабииро» истисно мекунад. Ба баъзе шаклҳои материализм (стихиявӣ, табиию илмӣ, механикӣ, вульгарӣ ва ғайра) ва ҷараёнҳои идеалистӣ хос аст. Дар …

Муфассал »

Натурализатсия

0

Натурализатсия ба граждани ё табааи давлатӣ қабул кардани шахсест, ки аз худи рузи таваллудаш граждан ё табааи давлати мазкур намебошад. Натурализатсия ба шахсоне дода мешавад, ки гражданӣ ва табааро на­дошта бошанд, аз як гражданӣ ва табаа ба гражданӣ ва табааи дигар гузаранд. Таркиби Натурализатсия тавассути қонунгузории ҳар давлат муайян карда …

Муфассал »

Натролит

0

Натролит (аз натрий ва юн. lit-hos — санг), минерал аз гурӯхи цео­литов. Таркиби химиявиаш Na2[Al2 Si3Oi0] • 2Н20. Дар системаҳои ромбӣ ва тетрагоналӣ кристалл мебандад. Кристаллҳояш қаламчаю сӯзаншакл. Аксар чун агрегатҳои радиалию шуоӣ, зичи сферолитӣ ва массаи нахдор дучор мешавад. Одатан беранг ё сафеди зардтоб, сабзтоб ва сурхтоб аст. Ҷилояш …

Муфассал »

Элементи химиявии Натрий

0

Натрий (Natrium), Na, элементи химиявии гурӯҳи I системаи даврии Менделеев; металли сафеду нуқратоби нарму ёзанда ва сабукест, ки дар ҳаво зуд оксид мешавад. Рақами ат. 11, массаи ат. 22, 9898. Натрии табиӣ аз як изотопи собит 23Na иборат аст. Пайвастҳои табии Натрий—намаки ош NaCl, сода Na2G03 аз қадимулайём маълуманд. Натрийи …

Муфассал »

Натнуланф

Натнуланф (ap. VI бадбуии бинӣ), бахаруланф, бӯй гирифтани биниро гӯянд, ки дар тиб­би ҳозира бо истилоҳи о з е н а машҳур аст. НАТО, нигаред Ташкилоти Myoҳидаи Атлантикаи Шимолӣ.

Муфассал »

Натиҷаи мантиқи

0

Натиҷаи мантиқи, ҳукм (ҷумла, баён, формула)-ест, ки аз муқаддимаҳои хулосабарорӣ (ё аз муқаддимаҳои хулосае, ки аз якчанд муҳокима таркиб ёфтааст) мантиқан бармеояд. Ба ибораи дигар Натиҷаи мантиқӣ гуфта ҳукмеро гӯянд, ки аз муқаддимаҳои муайян дар асоси қоидаҳо ва қонунҳои мантиқ ҳосил мешавад.

Муфассал »