Маълумоти охирин

Архивы за день : 16.05.2017

Деҳаи Найдара

Найдара деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузари pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территория колхози ба номи К. Исмои- лов. Аҳолиаш 225 нафар (1982), тоҷикон. Аз Найдара то маркази Совети қишлоқ 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Деҳа мактаби миёна дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ—пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи насос аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Най бар сари чашма

2

 1) оҳанг, суруди маросимии наврӯзист, ки дар асрҳои 5—6 тасниф шудааст. 2) Шӯъбаи овозӣ дар «Ҳаштмақом» ва «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи иловагии мусиқӣ дар қисматҳои созии шӯъбаҳои «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Араб», «Наврӯзи хоро», ки то асрҳои 15—16 маъмул буд. Чун гӯшаи алҳидаи мусиқи дар «Дувоздаҳмақом» амал надорад.

Муфассал »

Най бар сари кисро

2

1) оҳанг, суруди маросимии наврӯзист. Аз таснифоти Борбади Марвӣ. 2) Шӯъбаи овозӣ дар «Понздаҳмақом» (мақоми «Дугоҳи сарф»). 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Бастанигор» ва «Наврӯзи хоро» («Дувоздаҳмақом»), ки барои пурратар шудани қисмати созии ин шӯъбаҳо истифода мешудааст.

Муфассал »

Най бар сари баҳор

2

1) оҳанг суруди маросимии наврӯзист. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Наврӯзи сабо» ва «Наврӯзи Аҷам», ки то асрҳои 15—16 ба таври алоҳида иҷро мешудааст.

Муфассал »

Най

2

1) найшакари худрӯй, қалам (Saccharum spontaneum), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Баландиаш 100—200 см, пояаш ғафс (диаметраш 5—7 мм), сахт, баргаш борики тасмашакл (бараш 2—4 мм), хӯшагулаш туғшакл (дарозиаш 25—50 см), пулакчаи гулаш сафедча (дарозиаш то 1 мм). Моҳҳои май — июл гул карда, июл — сентҳои мебандад. Найзор дар …

Муфассал »

Найсози

2

Найсози мусиқии нафа­сӣ. Най аз қамиш ё бамбук сохта шуда, одатан, ҳафт буғумчӯби онро дар бар гирифта, ҳафт сурохии асосӣ до­рад, ки ба яке аз онҳо пуф карда овоз мебароранд. Аз рӯи сохт ва тарзи навохтан ба якчанд навъ ҷудо мешавад. Агар аз чӯб созанд, наи чӯбин, аз мис бошад, …

Муфассал »

Наимои Бухороӣ

Наимои Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 17 тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар тазкираву маъхазҳои адабӣ на- омадааст. Дар тазкираи «Музокир- ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ Наимои Бухорои ҳамчун шоири нуқтадон ва дар илми шеър тавонову моҳир ёд шуда­аст. Дар пайравии Абдурраҳмони Мушфиқӣ девоне мураттаб кардааст, вале то ҳол пайдо …

Муфассал »

Наимов Қаробой

Наимов Қаробой (таваллудаш 10. 02. 1923, деҳаи Мингтути ҳозира pайони Турсунзода), пахтакор, ветерани меҳнат, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1935— 1942 колхозчӣ, 1946— 1948 сардори звеноӣ пахтакории колхози ба номи В. И. Ленини pайони Регар, 1948—1951 котиби Комите­ти районии комсомол, 1951—1955 …

Муфассал »

Наимии Табрезӣ

Наимии Табрезӣ Фазлуллоҳ ибни Абӯмуҳаммад (1340—1396), шоир ва донишмандӣ форс-тоҷик. Илмҳои замонашро дар Машҳаду Табрез омӯхта, пас ба вилоятҳои Исфаҳон, Хоразму Озарбойҷон ва Нахҷувон сафар карда, бо шоирону адибони ин вилоятҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Ба сабаби пайрави тариқати ҳуруфия буданаш рӯҳониён ӯро ба куфру илҳод айбдор намуданд; а тарафи шоҳони темурӣ …

Муфассал »

Назъ

2

Назъ (ар. — ҷонканӣ, ҷудошавӣ), дами марг, нафаси охирин. Аломатҳои Назъ душвор гардидани нафаскашӣ, аз ҳуш рафтан, суст шудани дил, аз кор мондани узвҳои ҳис ва ғайра мебошанд. Назъ аз якчанд дақиқа то якчанд соат давом карда, зоҳиран бо нафаси охирин, аниқтараш кашишхӯрии охирини дил ба итмом мерасад. Назъ ҳолати …

Муфассал »