МАРАЛ (Cervus elaphus sibiricus), як намуди осиёии оҳуест аз оилаи гавазнҳо. Бештар дар кӯҳҳои Олтой, Салли Осиёи Миёна, соҳили Байкал, Сибири Ҷанубӣ ва Муғулистони Шимолу Ғарбӣ маскун аст. Дарозии танаи наринааш 250—265 см, баландиаш (то сари гардан) 125—155 см ва вазнаш 300—340 кг. Наринаи Марал чанбаршох, модинааш бешох. Шохи Марал …
Муфассал »Архив Месяца: February 2017
Маратхҳо
МАРАТХҲО, халқест дар Ҳиндустон, аҳолии асосии штати Маҳараштра. Шумораашон зиёда аз 80 миллион нафар (2017с.). Ба забони маратҳи гап мезананд. Аксарияти диндорон пайрави ҳиндуия, қисман пайния, ислом, масеҳият. Машғулияти асосии Маратхҳо— деҳқонӣ. Истеҳсолоти косибӣ, савдои баҳрӣ боиси дар байни Маратхҳо нисбат ба халқҳои дигари Ҳиндустон барвақтар инкишоф ёфтани муносибатҳои капиталистӣ …
Муфассал »Маданияти Афанасев
МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ, маданияти давраи энеолити Сибири ҷанубӣ, ки ҳазораи 3 – ибтидои ҳазораи 2 то мелод дар пастхамии Минусин ва Олтой паҳн шуда буд. Бо маданиятҳои Калтаманор, Ямная ва Катакомба дар як вақт инкишоф ёфтааст. Аз номи қабристони назди к. Афанасеви Вил. Автон. Хакас гирифта шудааст. Қабилаҳои Маданияти Афанасев ба …
Муфассал »Маданияти Археологӣ
МАДАНИЯТИ АРХЕОЛОГӢ, истилоҳ барои ифодаи умумияти ёдгориҳои археологии мансуби як давра, ки хусусиятҳои маҳаллӣ дошта, дар ҳудуди муайян ҷойгиранд. Ба Маданияти археологӣ одатан аз рӯи ягон аломати шакл ё ороиши зарфҳои сафолӣ, зебу зинатҳо (мас., маданияти мегалитӣ), урфу одати дафнкунӣ (мас., маданияти Ямная) ва ё номи маҳалле, ки дар он …
Муфассал »Маданияти Арабизабон
МАДАНИЯТИ АРАБИЗАБОН — маданиятест, ки байни асрҳои 7—10 дар Хилофати араб дар натиҷаи омӯзиши маданияти арабҳо ва халқҳои аз тарафи онҳо истилошудаи Шарқи Наздик ва Миёна, Африкаи Шимолӣ, ҷанубӣ ғарбии Европа ба вуҷуд омадааст. Пеш аз маданияти араб дар нимҷазираи Арабистоин маданияти арабҳои кучманчӣ ва муқимии зироаткоре вуҷуд дошт, ки …
Муфассал »Маданияти Анов
МАДАНИЯТИ АНОВ, маданияти археологии давраи неолит, биринҷӣ ва оҳан. Археологи америкоӣ Р. Помнелли соли 1904 ёдгориҳои ин маданиятро 12 км. дуртар аз Ашқобод дар самти шарқии он дар наздикии деҳаи ҳозираи Анов кашф ва тадқиқ кард. Маданияти Анов аз чор маҷмӯи ёдгориҳо иборат аст (Анови I, Анови II., Aнови-III, Aнови-IV). …
Муфассал »Маданияти Андронов
МАДАНИЯТИ АНДРОНОВО – маданияти археологии давраи биринҷӣ. Тақрибан нимаи дуюми ҳазораи 2 то медол вуҷуд дошт. Аз номи деҳаи Андроновои назди Ачинск. Маданияти Андроново дар ҳудуди Қазоқистон, Сибири Ғaрбӣ, ҷануби Наздиурал паҳн шуда буд. Аз Маданияти Андроново осори бошишгоҳҳои гуногун (зеризаминӣ ва рӯизаминӣ) ва қабрҳо боқӣ мондаанд. Болои қабрҳо бештар …
Муфассал »Маданияти Амиробод
МАДАНИЯТИ АМИРОБОД – маданияти археологии охири давраи биринҷӣ дар ҳудуди Хоразм (асрҳои 9—8 то мелод). Ёдгориҳои Маданияти Амирободро бори нахуст соли 1940 археологҳои советӣ дар мавзеи канали Амирободи РАСС Қароқлӣ кашф ва тадқиқ карданд. Ба Маданияти Амиробод оташдонҳои калон хосанд, ки дар заминканҳо сохта шудаанд. Зарфҳои сафолии ин давра дағалтар, бесир …
Муфассал »Маданияти азил
Маданияти азил, маданияти археологии асри санг, ки ба давраи мезолит (ҳазораи 8-ти то милод) мансуб буда, давоми маданияти мадлен (давраи охири палеолит) аст. Археологи франсавӣ Э. Пет солҳои 1887— 1889 ба ин маданият номи ғори Масд Азия (дар ҷануби Франция)-ро дод. Асосан дар ҳудуди Франция ва Олмон паҳн шуда буд. …
Муфассал »Ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ
Ҷамоати Маданият воқеъ дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ (собиқ н. Колхозобод). Ин ҷамоат дар вилояти Қӯрғонтеппа ба территория колхози «Қизил Октябр» воқеъ аст. Аз маркази ин ҷамоат то маркази ноҳия 10 км. роҳи асфалтпӯш аст. Аҳолиаш 1030 нафар (2017с) ва ё 668 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — …
Муфассал »