Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 17-УМИ ВКП(б)

СЪЕЗДИ 17-УМИ ВКП(б)

СЪЕЗДИ 17-УМИ ВКП(б), 26 январ —10 феврали соли 1934 дар Москва барпо гардид. Дар он 1225 вакил бо овози ҳалкунанда ва 736 вакил бо овози машваратӣиштирок карданд. Рӯзномаи съезд: Маърузаҳои ҳисоботии Комитети Маркази ВКП(б); Комиссияи марказии тафтишот (КМТ); Комиссияимарказии назорат — Инспексияи коргару деҳқон; Ҳисоботи ҳайати вакилони ВКП(б) дар Комиҷроияи Интернасионали Коммунистӣ; Плани панҷсолаи 2-юм; Масъалаҳои ташкилӣ; Интихоби органҳои марказии партия.

17-sezd-vkp

Сьезд панҷсолаи якумро ҷамъбаст намуд, ки дар натиҷан иҷрои он СССР аз мамлакати қафомондаи аграрӣ ба давлати индустриалию колхозӣ табдил ёфт. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ системаи сосиалистии хоҷагӣ дар шакли моликияти умумихалқӣ ва кооперативӣ-колхозӣ мавқеи ҳукмрон пайдо кард. Съезд кори сиёсӣ ва амалии Комитети Марказӣ ВКП(б)-ро маъқул дониста, қарор кард, ки дастур ва вазифаҳои дар маърӯзаи ҳисоботии Комитети Маркази нишон додашуда ба рохбарӣ гирифта шаванд.

«Дар бораи плани панҷсолаи 2- юми тараққиёти хоҷагии халқи СССР (1933—37)» революсия қабул карда шуд (нигаред Плани панҷсолаи тарақиёти хоҷагии халқи СССР). Съезд як қатор масъалаҳои таълимоти марксиотӣ-лениниро дар бораи ҷамъияти сосиалистӣ аниқу возеҳ намуд: дар бораи мустаҳкам намудан ва баланд бардоштани роли ташкилотчигии давлати диктатурии пролетариат дар давраи ба сосиализм гузаштан, дар бораи дуруст фаҳмидани баробарҳуқуқӣ дар замони социализм ва ғайра.

Устави партия бо таҳрири нав қабул карда шуд.

Комиссияи марказии назорат—Инспексияи коргару деҳқон ба Комиссияи назорати партиявии назди Комитети Маркази ВКП(б) ва Комиссияи назорати советии назди СКХ СССР табдил дода шуд.

Дар съезд собиқ роҳбарони гурӯхҳои оппозисионӣ Н. И. Бухарин Г. Е. Зиновьев, Л. Б. Каменен, А. И. Рыков, М. П. Томский ва дигар тавбаомез сухан ронда, муваффақиятҳои партияро эътироф карданд.

Съезд Комитети Марказиро иборат аз 71 аъзо ва 58 номзад ба аъзоӣ интихоб кард. Комиссияи марказии тафтишот, Комиссияи назорати партиявӣ интихоб гардида, ҳайати Комиссияи назорати совети бо овоздиҳии пӯшида маъқул дониста шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …