Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 15-УМИ ВКП(б)

СЪЕЗДИ 15-УМИ ВКП(б)

СЪЕЗДИ 15-УМИ ВКП(б), 2—19 декабри соли 1927 дар Москва барпо гардид. Дар он 898 вакил бо овози ҳалкунанда ва 771 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд.

15-sezd-vkp

Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи сиёсии Комитети Маркази; Ҳисоботи ташкилии Комитети Марказӣ; Ҳисоботи Комиссияи марказии тафтишот (КМТ); Ҳисоботи Комиссияи марказии назорат—Инспекцияи коргару дехқон; Ҳисоботи ҳайати вакилони ВКП(б) дар Интернационали Коммунистӣ; Директиваҳо оид ба тартиб додани плани 5-солаи тараққиёти хоҷагии халқ; Дар бораи кор дар деҳот: Интихоби муассисаҳои марказӣ. Дар съезд намояндагони21 Партияи коммунистии мамлакатҳои хориҷӣ ба сифати меҳмон иштирок доштанд. Съезд сиёсати беруини Комитети Маркази ВКП(б)-»ро маъқул дониста, ба Комитети Марказӣ супурд, ки барои сулҳ мубориза барад, робитаҳои бародариро бо меҳнаткашони тамоми мамлакатҳо мустаҳкам намояд, иқтидори мудофиавии СССР-ро пурқувват гардонад. Дар ҳисоботҳои сиёсӣ ва ташкилии Комитети Марказипартия қайд карда шуд, ки Мамлакати Советӣ ба сӯи сосиализм бо роҳи нишон додаи В. И. Ленин дилпурона пеш рафта, индустронии социалистиро оа амал татбиқ менамояд. Вазни сиёсии саноат дар хоҷагии халқ бемайлон «афзуд. Индустрияи вазнин тараққӣ мекард. Шумораисинфи коргар афзуд. Дар тараққиёти хоҷагии қишлоқ низ муваффақиятҳо ба даст омад. Дараҷаи некӯаҳволии моддӣ ва мадании меҳнаткашон баланд шуд. Съезд роҳи сиёсӣ ва ташкилии Комитети Марказиро маъқул дониста, вазифаҳои минбаъдаи партияро дар бобати татбиқи плани ленинии барпо намудани ҷамъияти сосиалистӣ дар СССР муайян кард. Съезд Директиваҳоро оид ба тартиб додани плани панҷсолаи 1-уми тараққиёти хоҷагии халқи СССР тасдиқ намуд.

Дар резолюсия «Дар бораи кор дар деҳот» қайд карда шуд, ки хоҷагии қишлоқдар муборизаи байни тамоюлҳои сосиалистӣ ва капиталистӣ тараққӣ мекунад. Съезд ҳаматарафа инкишоф додани коллективонии хоҷагии қишлоқи СССР-ро вазифаи аввалиндараҷаи партия эълон кард. Саноати ҳуҷуми қатъӣ бар зидди кулакҳо қисми таркибии коллективонии хоҷагии қишлоқ буд. Сьезд дар резолюсияи худ қайд кард, ин бо мақсади беҳтар гардондани корҳои партиявию ташкили ва ба оммаи камбағалону миёнаҳолон пурзӯр кардани таъсири партиявӣ, гурӯҳҳои камбағалонро дар назди Советҳо ва кооперативҳо пурқувват гардондан, ба партия бештар қабул кардани батракҳо ва камбағалони фаъол, бо кадрҳои партиявӣ мустаҳкам намудани органхои кооперативӣ ва советии деҳот зарур аст. Қарор карда шуд, ки дар аппаратҳои Комитети Маркази ВКП(б), Комитетҳои губерниягӣ, вилоятӣ ва округӣ шӯъбаҳои оид ба кори деҳот, ташкил карда шаванд. Дар қарори съезд вазифаҳои муборизаи партия барои татбиқи минбаъдаи плани коопоративии В. И. Ленин муайян гардиданд.

Съезд бо пешниҳоди Комиссияи марказии назорат масъалаи гурӯҳи зиддипартиявии Л. Д. Троцкий ва Г. Ё. Зиновевро дида баромад. Троцкийчиён ва зиновьевчиён аввал алоҳида-алоҳида ва баъд якҷоя бар зидди роҳи сиёсии партия мубориза мебурданд, таълимоти ленинро дар бораи таконпазирии барпо намудани сосиализм дар СССР ревизия мекарданд, ягонагии сафҳои партияро вайрон карданӣ мешуданд. Оппозисияи троцкистию зиновьевӣ дар мубоҳисаи пешазсъездӣ шикаст хӯрд. Съезд аз партия хориҷ кардани Л. Д. Троцкий ва Г. Ё. Зиновьевро тасдиқ намуда, боз 75 иштирокчии фаъоли гуруҳи зиддипартиявиро аз партия хориҷ кард. Съезд Комитети Марказиро иборат аз 71 аъзо ва 50 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии тафтишотро иборат аз 9 аъзо ва Комиссияи марказии назоратро иборат аз 195 аъзо интихоб намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …