Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕРОТЕРАПИЯ

СЕРОТЕРАПИЯ

СЕРОТЕРАПИЯ (аз лотинӣ serum зардоб ва терапия), зардобшифоӣ, як усули муолиҷаи бемориҳои (асосан сироятии) одам ва ҳайвонот бо ёрии зардобҳои масун. Манфиати муолиҷа асосан ба иммунитети нофаъол, яъне безарар гардонидани микробҳо (токсинҳо) бо ёрии подтанҳо (подзаҳрҳо), ки дар таркиби зардоби мазкур мавҷуданд, асос ёфтааст. Чунин зардобро бо роҳи гипериммунизатсияи ҳайвонот (асосан аспҳо) ҳосил мекунанд. Барои Серотерапия аз зардобҳои холис ва консентронида— геммаглобулинҳои гетерогенӣ ё ҷудоҷинс (аз зардоби хуни ҳайвонҳои масун кардашуда) ва гомологӣ ё мутамосил (аз зардоби хуни одамони масуншуда ё касони ин бемориро аз сар гузаронида) низ истифода мебаранд. Зардобҳои масунро барои табобати хуноқ (бисёртар дар давраи аввали беморӣ), ботулизм, ҳангоми газидани морҳои заҳрнок ва гаммаглобулинҳоро бошад, дар вақти табобати грипп, сӯхтанӣ, кузоз, нағзак, сирояти стафилококкҳо ва бемориҳои дигар кор мефармоянд. Барои пешгирӣ кардани оқибати манфии Серотерапия пеш аз истифодаи зардоб ва гаммоглобулинҳои гетерогенӣ ҳассосияти организмро нисбат ба онҳо бо усули махсус (реаксияи пӯст) месанҷанд. Дар амалияи ветеринарӣ зардобҳои масун, аз ҷумла гаммаглобулинҳоро барои муолиҷаи сӯхтанӣ, септисемияи хунрези чорво, дизентерияи анаэробии барраҳо, саромоси хукҳо ва ғайра ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …