Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАУФОВ Юсуфҷон

РАУФОВ Юсуфҷон

РАУФОВ Юсуфҷон (таваллудаш 1902, шаҳри Уротеппаи ҳозира вилояти Ленинобод), наққоши тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1963). Аз оила наққоши касбӣ. Нозукиҳои касби наққоширо аз падараш усто Муҳаммад Рауфи Носирӣ омӯхт. Солҳои 1927—1929 дар Дорулмуаллимини Тошкент таҳсил намуда, сипас дар pайони Кӯктоши РСС Тоҷикистон муаллими мактаби миёна шуда кор кардааст. Соли 1937—рассоми Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ. Соли 1941 коргоҳи наққошии миллии Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айниро сарварӣ намуда, ба нахустан Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) тайёрӣ мебинад. Барои виставкаи даҳа ҳуққаи пурнақшунигор ва якчанд намоя (аз ҷумла «Гул дар гулдон»)-ро ба намоиш омода сохт. Рауфов дар зимни композитсияҳои музайян бештар сюжетҳои ҷудогонаи манзара ва портретро гунҷонида, мекӯшад, ки асар пурмазмуну баландғоя барояд. Рауфов маҳорати баланди портреткашӣ дошта, намояҳои зиёдеро бо тасвири симои ходимони давлату маданият эҷод кардааст (намояҳо бо портрети В. И. Ленин, И. В. Сталин, М. И. Калинин, Ю. А. Гагарин, Г. С. Титов ва диг.). Р. услуби хоси наққошӣ дошта, анъанаҳои халқиро моҳирона истифода мебарад ва ба он мазмуну мундариҷаи нав мебахшад. Асарҳои. Рауфов дар бисёр намоишгоҳҳои республикавӣ, умумилттифоқӣ ва байналхалқӣ — Лейпсиг (1974), Қоҳира (1976), Теҳрон (1976) намоиш дода шудаанд.

Е. Н. Чудович.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …