Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮРИЙ ДОЛГОРУКИЙ

ЮРИЙ ДОЛГОРУКИЙ

ЮРИЙ ДОЛГОРУКИЙ (с-ҳои 90 а. 11—15. 5. 1157,. Киев), князи Суздаль ва князи кабири Киев, писари шашуми Владимир Всеволодович Мономах. Дар аҳди падараш ҳокими Ростову Суздаль буд. Вақте ки князи мустақил шуд, с. 1125 пойтахти князиро аз Ростов ба Суздаль овард. Дар замони ҳукмронии Ю.Д. ҳудуди князии у ба расмият дароварда шуд. Дар вилоятҳои сарҳадӣ қалъаҳои Кенятин, Тверь, Дубна ва ғ., инчунин дар марказ — Переяславль, Юрьев — Польский, Дмитров ва ғ. сохта шудаанд. С. 1147 дар маҳали Москва вохурии Ю. Д. бо князи Новгород—Северский Святослав Олегович ба вуқуъ пайваст. Ин санаи нахустин бор номбар шудани Москва санаи анъанавии буньёд кардани он ҳисоб меёбад. С 1954 дар Москва ба Ю. Д. ҳамчун асосгузори шаҳр ҳайкал гузошта шуд.

yu-do

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …