Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кули ЯШИЛКУЛ

Кули ЯШИЛКУЛ

yashilkul

ЯШИЛКУЛ, кулест дар Помири Шарқӣ (p-ни Мурғоби ВАБК). Дар қисми ғарбии водии д. Аличур, дар баландии 3734 м аз с. б. воқеъ гаштааст. Кул дар натиҷаи кандашавии куҳпораи азим ва банд шудани маҷрои д. Аличур пайдо шудааст. Тулаш 24,6 км, бари он то 3,6 км, масоҳ, 35,6 км2. Қисми шарқии кул паст, қисми ғарбиаш то 52 м чуқур аст. Ба кул оби д. Аличур рехта, аз он д. Ғунд ҷорӣ мешавад. Ҳаёти органикии кул нисбат ба диг. кулу дарьёҳои Помир бойтар буда, дар. он обсабзу планктон ва осмонмоҳию ширмоҳӣ бисьёр аст. Дар соҳили ҷанубии Я. деҳаи Булулкул, работи марказии с-зи чорводории Булункул ва ст. гидрометеорологӣ воқеанд.

Ю. Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …