Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУШМУҲАММАДОВ Маҷид Раҳи­мович

ХУШМУҲАММАДОВ Маҷид Раҳи­мович

ХУШМУҲАММАДОВ Маҷид Раҳи­мович (тав. 15. 4. 1912, Самарқанд), рассоми советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1945). Аъзои КПСС аз с. 1940. Xушмуҳаммадов яке аз саромадони санъати тасви­рии советии тоҷик мебошад. С. 1928 ба устохонаи кулолии назди Узпромсовет ба кор даромада, он ҷо ду сол асосҳои ин ҳунарро омӯхт ва с. 1930 ба техникуми рассомии Боку дохил шуд. С. 1933, баъди хатми техникуми мазкур, ба Душанбе омад. Дар комбинати бадеии ин ҷо, ки танҳо шӯъбаҳои мусиқию балет дошт, бо ташаббуси Xушмуҳаммадов шӯъбаи санъати тасвирӣ кушода шуд. Баъдҳо ин шӯъба ба Омӯзишгоҳи рассомии республикавӣ табдил ёфт. С. 1935 Xушмуҳаммадов бо як қатор асарҳояш дар намоишгоҳҳои республикавию умумииттифоқӣ, инчунин байналхалқӣ (Полша, Белгия, Руминия, Афғонистон, Франсия, Ироқ) иштирок кард. С-ҳои 1936—39 дар Институти давлатии рассомии Москва маҳораташро такмил дод. Дар конкурси офаридани намояи «Тоҷикистон» барои павилони СССР дар намоишгоҳи байиалхалқӣ (Ню-Йорк, 1938) иш­тирок кардааст. С. 1940 дар намоиш­гоҳи «Асардои беҳтарини санъати тасвирии советӣ», ки дар Нигористони Третяков баргузор шуд, на­тюрморти «Гулҳо»-и Xушмуҳаммадов баҳои ба­ланд гирифт. Дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) Xушмуҳаммадов бо композитсияи «Як лаҳзаи шўриши Восеъ» (1940), ки он аввалин асари таърихии санъати тасвирии тоҷик буд, иш­тирок кард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки Xушмуҳаммадов устохонаи махсуси «Оинаи ТоҷикТА» таъсис ёфт ва ӯ бо агитплакатҳои сиёсиаш иштирокчии фаъоли oн гардид. Дар ин давра мусаввараҳои дар мавзӯи ҷанг офаридааш («Истиқболи қаҳрамон дар деҳаи маҳбубаш», 1941), ин­чунин пейзажҳои дилнишини ӯ мавқеи муҳим доштанд. Пейзаж низ дар эҷодиёти Xушмуҳаммадов мақоми махсус дорад ва истеъдоду маҳорати ӯ маҳз дар ҳамин жанр ҳарҷониба зоҳир гаштааст. «Кўҳҳои барфпӯш» (1940), «Кӯҳҳои Тоҷикистон» (1945), «Доманаи кўҳҳои Тиёншон» (1955), «Қаторкӯҳи Ҳисор», «Деҳаи Зимчуруд» (ҳар ду— 1956) аз беҳтарин нигоришоти ӯст. Дар ин мусаввараҳо образи умумии табиати зебои кишвари кӯҳистон офарида шудааст. Тасвири меҳнати озод ва ҳаёти идустриалӣ низ мавзўи дўстдоштаи рассом аст: «Брига­даи зарбдори занон», «Тиллои сафед» (ҳар ду 1947),   «Варзоб-ГЭС-и поён» (1949). «Пахтазор», «Дугонаҳо”  (ҳар ду—1950), «ГЭС-и Қайроқум» (1955), «Пахтасупорӣ ба давлат», «Тавлиди баҳр» (ҳар ду—1957). Солҳои 1940— 51 директори Музеи санъати тасвирии он номи Беҳзод ва раиси ИР Тоҷикистон (1940—51) буд. Xушмуҳаммадов қариб 200 асар офаридааст, ки онҳо ғайр аз музейҳои республика дар Нигористони Третяков, Музеи халқҳои

Шарқ, Музеи санъати тасвирии Қирғизистон маҳфузанд. Аз с. 1935 аъ­зои ИР СССР. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуда­аст.                                Е. Н. Чудович.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …