Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХУЛОСАБАРОРӢ

ХУЛОСАБАРОРӢ

ХУЛОСАБАРОРӢ, як шакли ҷараёни тафаккурро гўянд, ки дар он : аз як ё якчанд муҳокима хулоса бароварда мешавад. Ҳар як Xулосабарорӣ аз муқаддима ва хулоса иборат аст. Муқаддимаҳои Xулосабарорӣ муҳокимаҳои ибтидоӣ мебошанд. Дурустии Xулосабарорӣ ба риоя намудани шартҳои зерин вобаста аст: 1) муқаддимаҳо бояд ҳақ бошанд; 2) дар ҷараёни ифодаи фикр робитаи байни муқаддимаҳо ва хулоса ва қоидаю қонунҳои мантиқ, мувофиқат кунад.

Вобаста ба хусусияти робитаи байни зинаҳои мухталифи дониш, ки дар муқаддимаҳою хулоса ифода меёбад, Xулосабарории дедуктивӣ (лиг. Дедукция), индуктивӣ (ниг. Индукция) ва тамсилӣ (аз ҷузъ ба ҷузъ) мешавад. Хлосабарории дедуктивӣ аз рўи миқдори муқаддимаҳо бевосита ва бавосита мешавад. Хулосабарории бевосита 4 навъ (табдил, акс, муқобилгузорӣ бо хабар ва мураббаъи мантиқӣ) аст. Хулосабарорӣ бевоситааз ду муқаддима ва ё зиёда аз он бароварда мешавад. Он агар аз ду муқаддима таркиб ёфта бошад силлогизм аст. Агар аз муқаддимаҳои зиёд иборат бошад, ва намудҳои гуногун (шартӣ, шартию ҷудоӣ, ҷудоию қатъӣ ва ғ.) дорад. Дар Хулосабарории тамсилӣ аз рўи монандии нишонаҳои муқадддимаҳо хулоса бароварда мешавад.

Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …