Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХРЕННИКОВ Тихон Николаевич

ХРЕННИКОВ Тихон Николаевич

khrennikov-t-n

ХРЕННИКОВ Тихон Николаевич (тав. 10. 6. 1913, ш. Елец), бастакор ва ходими ҷамъиятии советӣ. Арт. Халқии СССР (1963), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973). Аъзои КПСС аз с. 1947. Консерваторияи Москваро хатм намуд (1936).

Аз с. 1961 дар Консерваторияи Москва дарс медиҳад (аз с. 1966 проф.). Аз с. 1948 Котиби генералӣ ва аз с. 1957 котиби якуми Правленияи ИБ СССР. Xренников анъанаҳои мусиқии классикӣ ва советии русро инкишоф додааст. Асарҳои барои театри мусиқӣ ва драма офаридааш шўҳрати зиёд пайдо кардаанд: операҳои «Дар тўфон» (1939). «Фрол Скобеев» (1950), «Модар» (19о7), опереттаи — «Сад иблису як духтар» (1963) ва «Сапедашаб» (1967), балет барои бачаҳо «Ҳавлии мо» (1970).

Муаллифи як қатор суруду мусиқӣ барои кинофилмҳо ва спектаклҳои драмавӣ: «Суруд дар васфи Москва» (матн В. М. Гусев, аз кинофилми «Хукбонзан ва чўпон», 1941), филмҳои «Дўстони ҷонӣ» (1954), «Балладаи гусарӣ» (1963) ва ғ. Хренников президенти Секцияи мусиқии ҷамъиятии умумииттифоқии робитаи маданӣ бо хориҷа (1949) ва президент Секцияи мусиқии Иттифоқи ҷамъиятҳои советии дўстӣ ва робитаҳои маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (аз с. 1958), Депутати Совети Олии СССP (даъватҳои 6—9). Лауреати Мукофоти ленинӣ (1974) ва Мукофоти давлатии СССР (1942, 1946, 1952, 1967). Бо 3 ордени Ленин, орденҳои диг. ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …