Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОЛМАТОВ Исроил Бобоҷонович

ХОЛМАТОВ Исроил Бобоҷонович

ХОЛМАТОВ Исроил Бобоҷонович (тав. 23. 2. 1928, деҳаи Оқтеппаи pаёни Нов, вил. Ленинобод), оторино­ларингологи советии тоҷик, доктори илмҳои тиб (1972), проф. (1976). Аълочии нигаҳдории тандурустии СССP (1968).  Духтури Хизматнишондо­даи РСС Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз с. 1953. Иниститути тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст (1950).

Дар ҳамин иниститут кор мекунад. Асарҳои асосии Xолматов ба таъсири тангшавии шадид ва музмини ҳанҷару ҳалқум ба кори меъда, тавсифн аудио­логии намудҳои гуногуни карӣ ва хусусиятҳои он ва ғ. оиданд. Xолматов capоториноларингологи бачагонаи Вазорати нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон мебошад. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ос.: Характеристика слуха по дан­ным современных аудологических мето­дов при различных формах тугоухости и её особенности у жителей Таджикис­тана, Д., 1972, Некоторые вопросы изу­чения наследственности при отосклеро­зе, М., 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …