Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ХОЛЧАЁН

Димнаи ХОЛЧАЁН

 ХОЛЧАЁН, димнаи атиқии мансуб ба хазораи 1 то м. ва а. 3 м. дар раёни Деҳнави вил. Сурхондарёи РСС Узбекистон солҳои 1959—63 экспедицияи археологӣ ва санъатшииосии  иниститути санъатшиносии Ўзбекистон (бо роҳбарии Г.А.Пугаченко) кашф ва тадқиқ намудааст. Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар Холчаён асрҳои  4-3 то милод одамон маскун буданд, дар давраи Кушониён ба авҷи тараққиёт расидааст. Дар Холчаён Хонақоҳтеппа, Қарабоғтеппа, Маслаҳаттеппа кашф гардид ва аз онҳо истеҳком, наҳр, боғ, қасру биноҳо, инчунин боқимондаҳои қароргоҳи шоҳи Кушониён-Герай ёфт шудаанд. Қасри Хонақоҳтеппа аз айвони сутунҳояш чўбӣ, меҳмонхона, тахтгоҳи шоҳ, долон ва хонаҳои дигар иборат аст. Аз Холчаён ҳайкалу ҳайкалчаҳои устухонӣ, танга, олоти меҳнат, хум, зарфҳои сафолӣ, ханҷари филизӣ, шамшер, корд, ҳалқа, пайконҳои гуногун, асбоби зиннат ва ғайра ёфт шудаанд. Димна бо мурури замон дар зери хок монда, шакли теппаро гирифтааст. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳад, ки дар ин шаҳри атиқӣ маданият хеле равнақ доштааст.

Адабиёт: Пугоченко Г.А., Халчаян., К проблеме художественной культуры северной Бактрии, Ташкент. 1966; Пугаченкова Г. А., Скульптура Xалчаяна, М., 1971.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …