Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ, як соҳаи хоҷагии халқро гўянд, ки ба омўзиш, баҳисобгирӣ, таҷдиду парвариш, муҳофизати ҷангал аз сўхтор ва зараррасону касалиҳо, истифодаи оқилона ва баланд бардоштани маҳсули он ва ғ. машғул аст. Револютсияи Кабири Сотсиалисти Октябр моликияти хусусӣ будани ҷангалро барҳам дод. С. 1923 Кодекси ҷангали РСФСР баромад. Минбаъд Комитети давлатии СССР оид ба Xоҷагии ҷангал ташкил карда шуд. Дар ноҳияҳои гуногуни мамлакат ҳоҷагиҳои ҷангал вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Онхо дар СССР 1 млрд 257 млн га ҷангалзор доранд.

xojagii-jangal

Тоҷикистон республикаи камҷангали (2,9%) СССР аст. Масоҳати умумии ҷангалзори он—408 ҳаз. га (аз ҷумла 151 ҳаз. га арчазор, боқимондааш ҷангалзори паҳнбарг). Баъди арча пистазор (75 ҳаз. га), фарк (46 ҳаз. га) ва чормағз (11 ҳаз. га) мавқеи асосӣ доранд (1981). Дар Тоҷикистон ҷангалзорҳои паҳнбарг, резабарг, арчазор, ҷангали сираки гармсер (шибляк) ва туғай (туронға, санҷид ва ғ.) мавҷуданд. Зиёда аз 90%-и ҷангалзор дар ноҳияхои кўҳсор (қ-кўҳҳои Туркистон, За-рафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри 1) дар баландии то 3500 м аз с. б. дар водии дарёҳои Помир бошад, баландтар аз он ҷойгир шудаанд. Туғайзор асосан поёноби д-ҳои Кофарниҳон, Вахшу Панҷ ва соҳилҳои д. Сирро фаро гирифтааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …