Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УПИТ Андрей Мартынович

УПИТ Андрей Мартынович

upit-am

УПИТ Андрей Мартынович (4. 12. 1877, Скривери, ҳозира раёни Огри 1970, Рига), нависанда, асосгузори адабиёти советии латыш, ходими ҷамъиятӣ, Нависандаи Халқии РСС Латвия (1943), академики Академияи Фанҳои РСС Латвия. (1946), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967). Аъзои КПСС аз соли 1917. Дар ташаккули афкори эстетикии Упит Революсияи 1905—07, шиносоии ӯ бо марксизм ва эҷодиёти М. Горький мавқеи муҳим дорад. Беҳтарин новеллаҳои Упит дар маҷмуаҳои «Дигаргуншавӣ» (1923), «Ҳаёти хушк» (19.26) ҷамъ омадаанд. Романҳои чоргонаи «Дар сарҳади асрҳо» (1937—40) дар мавзӯи таърихӣ навишта шудаанд. Упит яке аз муаллифони китоби чаҳорҷилдаи «Таърихи адабиёти ҷаҳон» (1930—34) мебошад. Раис (1940—51) ва аъзои (аз соли 1951) Президиуми Совети Олии РСС Латвия, Раиси Правленияи Иттифоқи Нависандагони Латвия (1941-54) буд. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Латвия. (1957). Бо 5 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …