Маълумоти охирин

УГАНДА

УГАНДА, Республикан Уганда (Republis оf Uganda), давлатест дар Африкаи Шарқӣ. Ба иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ 236 ҳазор км2. Аҳолиаш 14,6 млн нафар (1984); асосан халқҳои банту. Аҳолии шаҳрӣ 7%. Забони расмӣ англисӣ ва суахилӣ. Қариб аз панҷ се ҳиссаи аҳолӣ ба дину оинҳои маҳаллӣ эътиқод дорад, боқимонда насрониҳо ва мусулмононанд. Пойтахташ шаҳри Кампала. Июли 1985 табаддулоти давлатӣ ба амал омад. То июли 1985 кори ҳокимияти қонунбарорро мувофиқи конституция парламент (иборат аз президент ва Ассамблеяи миллӣ) иҷро мекард; вазифаи ҳокимияти иҷроияро бошад, давлат бо сардории президент адо менамуд.

uganda
Сатҳи Уганда асосан ҳамвор аст (аз сатҳи баҳр 1109—1500 м). Дар ғарб куҳҳои Рувензори (то 5109) воқеъ гаштаанд. Иқлимаш экватории муссонист. Ҳарорати миёнаи моҳона 18—22°С. Боришотн солона аз 750 мм то 1500 мм. Кӯлҳои калонаш: Мобуту-Сесе-Секо ва Виктория. Дарёи асосиаш Нил. Алафзорҳои қадбаланд ва бешаҳои хазонрезу ҳамешасабз мавҷуданд. Боғҳои миллиаш: Рувензори ва Кабарега.
Асрҳои миёна дар ҳудуди Уганда давлатҳои ибтидоии феодалии Китара- Буноро (дертар номаш Уноро), Анколе, Торо мавҷуд буданд. Миёнаи асри 19 давлати Буганда, ки дар асри 15 бунёд шуда буд, қувват гирифт. Солҳои 90 асри 19 ва аввали асри 20 давлатҳои номбурдаро Британияи Кабир ба протекторати худ табдил дод ва онҳо музофотҳои автономии протекторати Уганда гардиданд. Аз октябр 1962 Уганда давлати мустақил аст. 25 январи 1974 дар Уганда табаддулоти ҳарбӣ ба амал омад. Соли 1979 ҳукумати ҳарбӣ сарнагун гардид, ҳокимият ба Фронти миллии озодихоҳоиаи Уганда гузашт. Июли 1985 табаддулоти ҳарбӣ ба амал омад. Аз соли 1962 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.
Асоси иқтисодиёти Уганда — хоҷагии қишлоқ. Зироати асосии экспортиаш: қаҳва (168,6 ҳазор тон 1982), пахта ва чой. Мис, фосфорит истихроҷ мекунанд. Корхонаҳои саноати адвиёт, бофандагӣ, мисгудози, химия дорад. Тӯли роҳи оҳан 1,3 ҳазор км, роҳҳои автомобилгард 27 ҳазор км. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Кения, Британияи Кабир, ШМА, Япония, Нидерланд, Франция, Италия, Ҳиндустон, СССР. Воҳиди пул — шиллинги угандӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …