Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УМУРИ ОБУ ҲАВО

УМУРИ ОБУ ҲАВО

УМУРИ ОБУ ҲАВО, гурӯҳи муассисаҳоест, ки ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва аҳолӣ дар бораи вазъи мавҷуда ва ояндаи обу ҳаво хабар медиҳад. Умури обу ҳаво бори нахуст дар Франсия ва Британияи Кабир солҳои 50 ва дар Россия солҳои 70 асри 19 ташкил ёфт.

obu-havo

Хабари вазъи обу ҳаворо, аз стансияҳои метеорологӣ ва аэрологии дохили мамлакат ба воситаи радио ва каналҳои симӣ, стансияҳои давлатҳои хориҷа, инчунин мушоҳидаҳои радифони метеорологӣ, радиолокаторҳо ва самолётҳо қабул карда мешавад. Он дар харитаҳои обу ҳаво тасвир мешавад ва аз рӯи онҳо вазъи обу ҳаворо пешгӯӣ мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …