Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУТАНҶИР

ТУТАНҶИР

ТУТАНҶИР, фикус (Ficus), ҷинси буттаву дарахтон ва баъзе лианаҳост аз оилаи тутиҳо. Дарахти тутанҷир то 40 м қад мекашад ва диаметри танааш 3—5 м мешавад. Барги тутанҷир одатан бедандонаи яклухт (дарозиаш дар баъзе намудҳои тутанҷир то 60—70 см) аст.

tutanjir

Ҳама узвҳои тутанҷир шираи сафеди ширмонанд дорад. Гулаш майдаи асосан якҷинса, бо ёрии ҳашарот (Agaonidae) гардолуд мешавад. Меваи баъзе намудҳои тутанҷир (масалан, анҷир) хеле пурбаҳост. Зиёда аз 800 намуди тутанҷир маълум аст. Асосан дар ноҳияҳои тропикӣ ва қисман субтропнкӣ мерӯяд. Шираи сафеди тутанҷир (F. elastica, нигаред расм) то 30% каучук дорад. Баъзе тутанҷирро дар хонаҳо барои ороиш мепарваранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …