Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУТАКАЛӢ

ТУТАКАЛӢ

tutakali

ТУТАКАЛӢ, тутакалит, тутакалак, зангбуя, зангпоя, мушлак, мушбӯяк, алафи муш, шавкарон (Сonium makulatum), як навъ гиёҳи бадбуи хеле pаҳрнок (аз оилаи чатргулҳо). Бехаш дукшакли сафедтоб. Пояаш рост, дарунхолӣ, сершох, то 2 м қад мекашад. Баргҳои қисми поёни поя думчадароз, сегӯшаи паршакл (дарозиашон то 90 см ва барашон то 70 ом), миёна ва болоӣ —хурд (дарозиашон 0,5—15 см, барашон 0,1—9 см). Поя ва думчаи барги тутукалӣ холҳои сурхтоб дорад. Гулаш 5-баргаи сафед, тухмаш дупалла (дарозиаш 3—3,5 мм), байзашакли дарозрӯя ё гирда. Май — июн гул мекунад. Тухмаш аз июн сар карда мепазад. Реша, баргу поя ва гулу тухми он бадбӯй (бӯи муш меояд) аст. Чуноне, ки Бедил гуфтааст:

Назаре ку, ки кунад ранги гул аз оташ фарқ?

Шомае ку, ки шавад мудрики мушк аз мушлак?

Дар калори роҳҳо, боғҳо, нишебии кӯҳҳо, канори ҷӯю дарё ва чашмаҳо месабзад. Тутукалӣ аз қадим чун гиёҳи заҳрнок маълум аст. Бино ба маълумоти маъхазҳо файласуф ва донишманди давраи атиқа Суқротро бо «нӯшокӣ»-е, ки аз тутукалӣ таиёр мекарданд, ба марг расонидаанд. Абӯалии Сино тутукалӣ (шавкарон)-ро заҳри ҳалоҳил ҳисобидааст. Вале аз он марҳаме сохта ба ниқрас (подагра) мебаст. Табибон тутукалиро барои табобати касалиҳои гуногун истифода мебурданд, лекин бисёр беморон заҳролуд мешуданд. Дар вақти заҳролудӣ чашми хира, гӯши кар, мардумаки чашм васеъ шуда, сар чарх мезанад. Ҳангоми сахт заҳролуд шудан узвҳои нафас фалаҷ мегарданд. Маълум шудааст, ки тухми тутукалӣ 1,3— 1,4% алкалоидҳои хеле заҳрнок (кониин, метилкониин, контидрин ва ғайра) дорад.

Адабиёт: Ходжиматов М., Бобоходжаева С., Содержание и качественный состав биологически активных вешеств в coinum masulatum L, «Изв. Академии Наук Таджикской ССР», Отдел биолиотека наук, 1973, М 2; Садыков Ю. Д., Ходжиматов М. Алкалоиды coinum masulatum,  Доклады Академии Наук Таджикской ССР. 1983, № 8.        М. Ҳоҷиматов, Ю. Содиқов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …