Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУМИРИСА

ТУМИРИСА

ТУМИРИСА (соли таваллуд ва вафот номаълум), маликаи массагетҳо дар асри 6 то м. Баъд аз марги шавҳараш ба тахт нишаста буд. Куруш бо мақсади мустаҳкам кардани сарҳади давлати худ ва аз ҳуҷуми қабилаҳои кӯчманчӣ эмин будан бар зидди массагетҳо лашкар кашид. Тумириса бо сардории писараш Спаргапис ба муқобили Куруш мубориза бурд. Дар ҷанг писари Тумириса ҳалок шуда бошад ҳам, ӯ ғалаба ба даст овард. Шуҷоату мардонагии Тумириса дар асарҳои бадеӣ, аз он ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, инчунин дар нақши деворҳои Панҷакенти қадим тасвир ёфтааст.
Р. Афзалов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …