Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРИТИЙ

ТРИТИЙ

tritiy

ТРИТИЙ (лотинӣ tritium, аз юнонӣ tritos –сеюм), тритий ( ё 3Н), гидрогени вазнин, изотопи бета-радиоактивии гирдроген , ки адади масааш 3 аст. Соли 1934 олимони англис Э. Резерфорд, М.Л. Олифант ва П. Хартек кашф кардаанд. Ядрои атоми тритий аз як протон ва 2 нейтрон иборат аст. Тритий фаъол буда, давраи нимкоҳишиаш Т ½= 12, 26 сол мебошад. Дар табиат тритий ба миқдори кам аз таъсири нейтронҳои нурҳои кайҳонӣ ба атоми нитроген (147N+n=31 T+126C) ҳосил мешавад. Миқдори тритий дар обҳои табиӣ хеле кам буда, ба ҳисоби миёна ба ҳар 10 18 атоми 1Н 1 атом тритий рост меояд. Дар саноат тритийро дар реакторҳои нурборонкунии литий ҳосил мекунанд:
63 Li+n=31T+42 He
Тритийро ҳамчун муҳимтарин ҷузъи таркиби синтези термоядроӣ, чун сузишворӣ (дар бомбаҳои термоядроӣ), инчунин дар тадқиқотҳоои химиявӣ, биологӣ ва гидрологӣ васеъ истифода мебарад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …