Главная / Биология / ТРАНСДУКЦИЯ

ТРАНСДУКЦИЯ

ТРАНСДУКЦИЯ (аз лотинӣ (transdustio— ҷойивазкунӣ), ба воситаи вирус аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар гузаронидани материали генетикӣ. Ҳодисаи Трансдуксияро соли 1952 олимони америкоӣ Д. Ледерберг ва Н. Циндер кашф кардаанд.

1544007

Вирусҳои махсуси бактериявӣ — фагҳои мӯътадил (нигаред Вактериофагҳо) дар процесси афзоиши вегегативӣ метавонанд тасодуфан ин ё он қисми КДН-и бактерияҳои нобуд мекардагиашонро ба дигар ҳуҷайра гузаронанд. Трансдуксияро дар тартиб додани харитаи генетикии хромосомии бактерияҳо низ васеъ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд …