Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛЬЯТТИ Пальмиро

ТОЛЬЯТТИ Пальмиро

il_giovane_togliatti

ТОЛЬЯТТИ (Тоgliatti) Пальмиро (тахаллec Эрколи, Альфредо, Марио Корренти, Родериго ва дигарон) (26. 3. 1893, Генуя —21. 8. 1964. Қрим, СССР, дар Рим мадфун аст), ходими ҳаракати коммунистӣ ва коргарии Италия ва байналхалқӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Соли 1924 ҳамроҳи Грамши газетаи «Унита»-ро таъсис кард. Соли 1924 Толятти дар Конгресси 5-уми Интернационали Коммунистӣ иштирок кард ва аъзои Комитети иҷроияи Интернационали Коммунистӣ (КИИК) интихоб шуд. Солҳои 1923—25 ду маротиба ҳабс гардид. Намояндаи Партияи Коммунистии Италия дар назди Комитети иҷроияи Интернационали Коммунистӣ (аз 1926), аъзои Презқдиуми Комитети иҷроияи Интернационали Коммунистӣ (аз 1928) буд. Аз с. 1926 Котиби генералии Партияи Коммунистии Италия. С.-ҳои 1937—39 дар давраи ҷанги зиддифашистии халқи испан (1936—39) бо супориши Комитети иҷроияи Интернационали Коммунистӣ дар Испания кор кард. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонй Т. (1940—44) дар СССР зидагӣ кард. Аз соли 1944 директори журнали «Ринапгата» (органи назариявии Партияи Коммунистии Италия). Солҳои 1946—47 депутати Маҷлиси муассисон, аз соли 1948 депутати парламент, раиси гурӯҳи парламентии Партияи Коммунистии Италия буд, иштирокчии Маҷлиси машваратии намояндагони партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (Москва, 1957).

Толятти муаллифи асарҳо оид ба масъалаҳои назария ва амалияи ҳаракати коргарӣ, материализми таърихӣ ва коммунизми илмӣ, таърихи таълимоти социалистӣ ва ҳаракати байналхалқии коргарӣ, таърихи Италия ва ғайра мебошад.

Асарҳо: Избранные статьи и речи, том 1—2, Москва 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …