Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТИРМИЗ

Шаҳри ТИРМИЗ

ТИРМИЗ, шаҳр, маркази вилояти Сурхондарёи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон. Дар соҳили рости дарёи Аму воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан, бандари дарёӣ. Аэропорт дорад. Пули рӯи дарёи Аму Тирмизро бо бандари Хайратон (Афғонистон) мепайвандад. Аҳолиаш 61 ҳазор нафар (1982).

tirmiz

Шаҳр заводҳои пахтатозакунӣ, ширу гӯшт, институти педагогӣ, театр, музеи кишваршиносӣ дорад. Дар шаҳр як қатор ёдгориҳои меъморӣ — қасри Чилдухтарон (асри 9). мақбараҳои Ҳакими Тирмизӣ (асри 10), Султон Саодат (асри 17) боқӣ мондаанд.

Дар наздикии Тирмизи ҳозира харобаҳои Т-и бостонӣ, ки ҳанӯз дар давраи Шоҳии Юнонии Бохтар (асрҳои 3—2 то мелод) вуҷуд доштанд, боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …