Маълумоти охирин

ТИМЕЙ

ТИМЕЙ (Тimaios) (тақрибан 356— тақрибан 260 то мелод). муаррихи Юнони Қадим. Аслан аз Тавромения (к. Сисилия). Муаллифи як қатор асарҳо буда, беҳтарини он “Таърих” (иборат аз 38 ё 43 китоб) буд. Дар он Тимей таърихи Сицилияро аз давраҳои қадим то марги Пирр (шоҳи Эпир; 273 то мелод) баён карда, оид ба Италия ва Африкаи Шимолӣ (Карфаген) маълумот овардааст. Порчаҳои парокандаи осори Тимей дар асарҳои муаллифони минбаъдаи атиқа боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …