Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ТЕРНОПОЛ

Вилояти ТЕРНОПОЛ

ТЕРНОПОЛ, вилоятест дар ҳайати РССУ. 4 декабри 1939 ташкил шудааст. Масоҳаташ 13,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 1157 ҳазор нафар (1984). Вилоят ба 16 район тақсим шуда, 14 шаҳр, 15 птш дорад. Марказаш шаҳри Тернопол.

ternopol-v
Қисми зиёди терреторияи вилоят аз баландиҳои 300—400 м иборат аст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарораташ миёнаи январ—4,6,—5,70С, июл 19,4—18,30С. Боришоти миёнаи солона 600—680 мм. Дарёи калонтаринаш — Днестр. Вилоят дар минтақаи бешадашт ҷой гирифтааст. Заминаш асосан сиёҳхок.
Корхонаҳои саноатӣ хӯрокворӣ, сабук, чӯбгарӣ, мошинсозб (электротехника, мошинҳои хоҷагии қишлоқ), истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқи вилоят истеҳсоли ғалла ва парвариши лаблабуи қанд ва чорводорист. Тӯли роҳи оҳан 575 км (1974). Дарозии роҳи автомобилгард 5,4 ҳазор км. Дарёи Днестр киштигард аст. Роҳи ҳавоӣ Тернополро бо Москва, Киев, Одесса, Харков, Симферопол ва бо дигар шаҳрҳо мепайвандад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …