Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТЕРМОКАРСТ

ТЕРМОКАРСТ

ТЕРМОКАРСТ (аз термо… ва карст), ҷараёни об шудани яхҳои зери замин ва заминҳои яхбастаро гӯянд. Термокарст ба ноҳияҳои яхбандии бисёрсола хос аст. Дар натиҷаи термокарст шаклҳои махсуси релефи термокарстӣ (чуқуриҳои қиф ё табақмонанд, пастхамиҳои навъи алас дар Ёқутистон) ва дар зери замин ғору холигиҳо ба вуҷуд меоянд.

termokrast

Гармшавии умумии иқлим, тағйир ёфтани низоми гармии хоку замин, дахолати инсон (бурида шудани дарахтони беша, сохтмони биною иншоотҳо, аз сӯхтор нест шудани қабати торфу наботот) боиси об шудани ях мегарданд термокарст ба хоҷагии халқ зарари калон мерасонад: роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард каҷу килеб мешаванд, заминҳои корам ноҳамвор мегарданд, биною иншоотҳо кафида фурӯ менишинанд ва ғайра. Барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои термокарст як қатор тадбирҳо (ба обшавил ях роҳ надодан ё об кунонидани он, кандани заҳбурҳо, кӯфтани мехсутунҳо ва ғайра) андешида мешаванд.

Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …