Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАРАТЕЗАК

ТАРАТЕЗАК

ТАРАТЕЗАК, тартезак, хурф, суффо (Lepidium satium), гиёҳи яксолаест аз оилаи чиликгулҳо; як навъ сабзавотест, ки таъми тунд дорад. Пояаш рост, 30—60 ом қад мекашад. Баргаш пармонанд, гулаш майда, сафед, бунафш ё гулобӣ, ғилофакаш гирда ё байзашакл, тухмаш майдаи ҷигарӣ ё сурхтоб. Таратезак аз тезрастарин сабзавот аст. Тухми онро аввали баҳор мекоранд. Меъёри кишти тухмӣ —8 кг/га. Баъди 2— 5 рӯз сабзида мебарояд.

taratezak

Барги онро баъд аз 1—1,5 ҳафтаи сабзиш меғундоранд.. Дар ҳар 10—15 рӯз таратезакро тақроран кишт мекунанд. Таратезак зироати обталаб аст. Дар СССР (Закавказия, Осиёи Миёна) асосан навъҳои «Грибовский», «Золотисто-желтый» ва ғайраро мекоранд. Аз ҳар га 5—70 с ҳосил меғундоранд. Барги тару тозаи таратезакро чун хӯриш истифода мебаранд. Ба таом моандозанд. Таратезак аз қадимулайём маълум аст. Онро юнониҳои қадим (асри 4 то мелод) кишт мекардаанд. Диоскорид, Ҷолинус, Берунӣ ва Абӯалӣ Сино таратезакро чун сабзавоти шифобахш ном бурдаанд. Масалан, Абӯалӣ Сино таратезакро барои асаб, шуш, ҷигар, испурҷ муфид дониста, дар табобати зиқинафас низ ба кор мебурд. Барги таратезак серғизост. Серсафедаву сервитамин (то 165 мг% витамини С ва то 3,8 мг% каротин дорад) буда, дар он йод ва намакҳои Са, К ва Ғе бисёр аст. Тухмаш 50—60% равған дорад, ки дар собӯнпази истифода мобаранд.
М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …