Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАНАНАЕВ Иван Владимирович

ТАНАНАЕВ Иван Владимирович

ТАНАНАЕВ Иван Владимирович (таваллуд 4. 6. 1904, деҳаи Серповои ҳозира раёни Моршанск, вилояти Тамбов), химики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (4958; аъзо-коррспонденти 1946). Аъзои КПСС аз соли 1942. Тананаев аъзои сексияи химияи ғайриорганикии Иттифоқи Байналхалқии химияи назариявӣ ва адеалӣ (IUАС; аз 1959), сармуҳаррири журнали «Неорганические материалы» (аз 1965) мебошад. Тадқиқоти Тананаев ба омӯзиши химияи ғайриорганикӣ ва аналитикии элементҳои нодир, алалхусус фторидҳо, ферросианидҳо, фосфатҳои онҳо, инчунин истифодабарӣ ва инкишофи минбаъдаи таҳлили физикию химиявии ғайорганикӣ оиданд. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1949, 1951, 1971). Бо 2 ордели Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо аз ҷумла бо медали тиллои ба номи Д. И. Менделеев (1973) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …