Маълумоти охирин

ТАЛҚИН

ТАЛҚИН (арабӣ — фаҳмондан, ёд додан), 1) дар психология яке аз усулҳои таъсирро ба рӯҳи одам гӯянд. Талқинкунанда бо сухан ва имову ишорат ҳолати рӯҳӣ, одат ё амалу рафтор ба фард таъсир мерасонад. Талқин ба синну сол, фардият, касб, хислату ҳолатҳои рӯҳӣ, ба маҳорату қобилияти талқинкунанда ва ба шароиту вазъияти талқин (дар мавридт бедорӣ, хоб, гипноз) зобаста аст;

ravonshinosi-psix

2) дар тиб як услуби психотерапия, яъне бо таъсири сухан муолиҷа кардани беморро гӯянд. Талқинро бештар дар мавриди невроз, баъзе навъҳои психопатия (касалии рӯҳия), нашъамандӣ ва ғайра истифода мебаранд. Натиҷаи муолиҷа ба хислати шахс ва хусусияти дарди ӯ вобаста аст. Тавассути талқин дар одам ҳиссиёт, тасаввурот, ҳаяҷон ва ғайраро ҳосил кардан мумкин аст. Ба талқин Лавлов И. П. ва пайравони ӯ асоси физиологӣ (ҳангомн гипноз) гузоштанд. Агар талқин аз таъсири ҳаракат ё бидуни сухан пайдо шавад, талқини аслӣ ва агар тавассути сухаи ҳосил шавад, талқини шифоӣ мегӯянд. Талқин бавосита ва бевосита мешавад, талқин баъзан ба бемор таъсири манфӣ ҳам расонда метавонад. Масалан, сӯҳбати атрофиён дар бораи беморӣ, хониши адабиёти тиббӣ, истифодаи беэҳтиётонаи истилоҳҳои тиббӣ аз тарафи духтур (дар вақти муоина) ва ғайра касалро ба ҳаяҷон оварда метавонад. Дар натиҷаи худталқинӣ талқин ҳам мусбат ва ҳам манфи таъсир расонда метавонад. Байни талқин ва худталқинӣ ҳудуди муайяне нест. Ҳангоми талқин ангезиш бевосит бо таъсири сухани духтур пайдо мешавад. Худталқинн бошад, дар натиҷаи ангезише ба амал меояд, ки дар зимни талқини хотираи худи шахс пайдо шудааст. Дар натиҷаи худталқинӣ мумкин аст дард ҳис карда шавад е, баръакс барҳам хӯрад; дар одам галлюсиасия (фиреби эҳсос), карӣ, кӯрӣ, ихтилоли узвҳои ҳозима, нафаскашӣ, дилу рагҳо ва ғайра низ пайдо шуда метавонад.
Адабиёт: Исомиддинов А., Здоровье человека, Душанбе, 1984. А. Исомиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …