Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоҳмот

Теги: шоҳмот

БОЗИҲОИ ҒОИБОНА

bozii-goibona

БОЗИҲОИ ҒОИБОНА, чанд намуд аз мусобиқахои шоҳмот, ки ширкатдорони он дар фосилаи муайяне аз ҳам қарор доранд ва онҳо бо истифода аз кумаки ин ё он васоити мухобира бо ҳам бозӣ мекунанд. Бозиҳои ғоибона бар чанд навъанд: бозии мукотибаӣ, мусобиқа аз тариқи телеграф, мусобиқаи телефонӣ, мусобиқаи радиоӣ. Дар қиёс бо …

Муфассал »

БОЗИИ ЧАШМБАСТА

bozii-chashmbasta

БОЗИИ ЧАШМБАСТА, бозии нодид, як навъ бозиест дар шоҳмот, ки бозигар (ба танҳоӣ ё якҷо бо рақиб) бидуни он ки ба тахтаи шоҳмот нигарад, ҳаракати муҳраҳоро (бо такя бар нерӯи ҳофиза) эълом медорад. Аз афроде, ки бори нахуст бо чашми баста шоҳмот бозидааст, Саййид ибни Ҷубайд (фавт 714) ёдоварӣ шудааст. …

Муфассал »

БОЗИИ ҲАМЗАМОН

bozii-hamzamon

БОЗИИ ҲАМЗАМОН, мусобиқаи шоҳмоти оммавӣ, ки дар он нафаре ҳамзамон бо чандин нафари дигар бозӣ мекунад. Дар ин намуд бозиҳо, тибқи қоида, бозигари касбии сатҳи баланд ҳатман бо муҳраҳои сафед бо гурӯҳи бозигарони ҳаваскор ба рақобат мепардозад. Такрибан тамоми чемпионҳои ҷаҳон махорати худро дар ин бозӣ намоиш додаанд. Бозии ҳамзамон …

Муфассал »

БОЗИИ САРЕЪ

bozii-sare

БОЗИИ САРЕЪ, як намуди бозии роиҷ дар шоҳмот, ки ҳангоми он барои як дидор на беш аз як соат (ба ҳар як рақиб на беш аз 30 дақиқа) вақт дода мешавад. Қоидаҳои Бозии сареъ соли 1987 дар Маҷмаи кулли Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФБШ) дар шаҳри Севил ба тасвиб расидаанд. Ин …

Муфассал »

БОЗИИ МУКОТИБАӢ

bozii-mukotibai

БОЗИИ МУКОТИБАӢ, яке аз намудҳои хеле маъмулӣ бозиҳои ғоибона дар шоҳмот, ки ҳарифон гаштҳои худро бевосита аз тариқи почта ирсол медоранд. Бозии мукотибаӣ бори нахуст соли 1694 дар китоби шарқшиноси англис Т. Хайда «Дар боби бозиҳои шарқиён» ёдоварӣ шудааст. Ӯ менависад: «Шунидам бозаргонони венетсиягию хорва­тӣ, ки дар дуриҳои дур аз …

Муфассал »

БОЗИИ БАРҚОСО

blitz

БОЗИИ БАРҚОСО, блитс (аз олмонӣ Blitz – барқ), як навъи бозии шоҳмот, ки ҳангоми он бар хилофи бозиҳои маъмулӣ ва расмӣ (1-3 соат тӯл мекашад) барои ҳар тараф аз 3 то 5 дақиқа вақт дода мешавад. Қавонини ин бозӣ маъмулиянд, ба ҷуз чанд вижагии муқарраршуда. Нахустин мусобиқаи Бозии барқосо дар …

Муфассал »