Маълумоти охирин
Главная / Теги: мақом

Теги: мақом

«РОСТ»

nota-2

«РОСТ» 1. Мақоми чорум дар таркиби «Дувоздаҳмақом». Аз рӯи тафсиру тавзеҳи рисолаҳои мусиқии асҳои 13—17 саршавии қаторовоз — пардаҳои аксари таронаву оҳангҳо ба ин мақом мувофиқ меомадаанд. Дар назарияи мусиқӣ Ростро «уммуладвор» (модари адвори мусиқӣ) мегӯянд. Дар доҳили ҷамъҳо (қаторовозҳо) Рост 43 дойра (дар рисолаи Ҳусайнӣ 40 доира)-ро таш¬кил медиҳад. …

Муфассал »

«УЗЗОЛ»

nota-2

«УЗЗОЛ» шӯъбаест дар «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом». Дар «Шашмақом» чун мавзӯи аслӣ дар қисми овозии мақоми «Бузург» меояд, оҳанги дилангезу фараҳбахше дорад ва дар ин ҷо «Талқини уззол» «Насри узол» ва «Уфари узол» ном гирифта бо зарбҳои 3/8, 2/4 ва 3/4 иҷро мешавад. Матни «узолҳое, ки дар «Шашмақом» амал доранд, аз …

Муфассал »

«ПОНЗДАҲМАҚОМ»

nota-2

«ПОНЗДАҲМАҚОМ», силсилаи мақомҳои қадимист. Мақомҳои зеринро дар бар мегирифт: Аҷам, Гардонияи кабир, Дугоҳи сарф, Заволхамс, Икиёти сарф, Ироқи румӣ, Муламмаъ, Мухолиф, Найрези сағир, Сипеҳрӣ, Ҳадид, Хоразмӣ, Фаръи Моҳур, Якгоҳ, Ҳусайнии кабир. Ҳоло пурра таҳқиқ нашудааст.

Муфассал »

ХУСРАВОНӢ

nota-2

ХУСРАВОНӢ Хусравониёт 1) Силсилаи сурудҳои маросимист, ки Борбади Марвӣ барои Хусрави Парвиз эҷод кардааст. Матни Хусравониро дар аҳди Сосониён аз порчаҳои насрӣ ва назмии «Авесто» («Яштҳо») интихоб намудаанд. 2) Мақом ва оҳангҳои силсилавӣ, ки чандин таронаву оҳангҳоро дар бар могирад. Xусравонӣ барои ба вуҷуд омадани мақом ва мақомхонӣ замина гузошта …

Муфассал »

МУШКИЛОТ

musiki

МУШКИЛОТ (арабӣ ҷамъи— душвор, сахт), шуъбаи созии мақомҳои таркиби «Шашмақом». Одатан, дар Мушкилот ба ҷуз аз қисмҳои «Тасниф», «Тарҷеъ», «Гардун», «Мухаммас», «Сақил» ҳар мақом воситаҳои созии ба худ хос дорад. Дар таркиби «Шашмақом» 46 оҳанги созӣ ҳаст. Бисёр оҳангҳо бо номи Мушкилот машҳуранд. Оҳангҳои халқии калонҳаҷм бештар дар асоси усулҳои …

Муфассал »

МУРАББАИ РОСТИ МИРЗО

mirzo

«МУРАББАИ РОСТИ МИРЗО» яке аз қисмҳои «мушкилот»-и мақоми «Рост» дар таркиби Мақомҳои Хоразм. «Мураббаи Рости Мирзо» дар қисмати 8-уми «мушкилот»-и мақоми «Рост» ҷой гирифтааст. Мусаннифаш Муҳаммадрасул (мутахаллис ба Мирзо, 1840—1922)— писари Комили Хоразмист.     Т. Шаҳобов.

Муфассал »

МУРАББАИ КОМИЛ

komil-khorazmiy

«МУРАББАИ КОМИЛ»  яке аз қисмҳои «мушкилот»-и мақоми «Рост» дар таркиби Мақомҳои Хоразм. «Мураббаи Комил» дар асоси зарбу усул ва тобишҳои ҳавои мақоми «Рост» ба вуҷуд омадааст. Мусаннифаш Комили Хоразмӣ буда, дар таснифи он аз усулу зарби баҳрӣ арӯз («Баҳри комил») истифода бурдааст. Т. Шаҳобов.

Муфассал »

БОЗГӮЙ

bozgui

БОЗГӮЙ, шохаи созию овозӣ дар мақом ва мақомсароӣ, такрори ҳамешании яяк порчаи оҳанг. Одатан дар оҳанг чанд қадар хона бошад, ҳамон қадар Бозгӯй амал мекунад. Маъмулан пас аз як давраи хона, баъзан пас аз ду-се хона як бозгӯй меояд. Бозгӯй бештар дар шохаи мушкилоти мақомҳо сурат мегирад. Масалан, дар бахши …

Муфассал »