Маълумоти охирин
Главная / Теги: Зардолӯ

Теги: Зардолӯ

Зардолуи РУХИ ҶАВОНОН

АБДУХОЛИҚӢ

РУХИ ҶАВОНОН, як навъ зардолуи маҳаллӣ. Асосан барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Баъди 4—5 соли кӯчат шуданаш ҳосил медиҳад. Дарахташ мисли сада шох меронад. Мевааш июн мепазад, вазнаш 35— 45 г, рангаш зард, як тарафаш сурх, лӯнда, ҷилодор, хушбӯи (14—16% қанд дорад). Аз дар бехи он 125— 200 кг ҳосил мегиранд. …

Муфассал »

Зардолуи ҚАНДАК

zardolu-kandak

ҚАНДАК, навъи зардолуи миёнсолӣ. Селекцияи халқӣ. Асосан дар Ашт, Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва диг районҳоивил. Ленинобод, инчунин водииФарғонаи PСС Узб. паҳн шудааст. Дарахти Қ. тезсабз, баланд ва дарозумр мешавад. Соли 2 ё 3 ба ҳосил медарояд ва 130—150 сол умр мебинад. Қ- охири март гул карда, аввали июнь мепазад. Мевааш …

Муфассал »

ҒУЛИНГ

ghuling

ҒУЛИНГ, ғулунг, зардолуи хушк, зардолуқоқ, зардолуи хушконидаро гуянд. Одатан навъҳои сергушту хуштаъми зардолуро мехушконанд (асосан дар офтоб). Баъзан пеш аз хушконидан зардолуро бо гази сулфит буғ медиҳанд ва чунин F.-po «туршак» ҳам мегуянд. Вобаста ба хусусияти навъҳои зардолу F. калондона (навъҳои мирсанҷарӣ, исфарак, хурмоӣ, зарафшонӣ, навоӣ ва ғ.), миёна (бобоӣ, …

Муфассал »

Зардолуи ШОКИРХОНӢ

АБДУХОЛИҚӢ

ШОКИРХОНӢ як навъ зардолуи маҳаллиро гӯянд. Асосан дар боғҳои С.қ. Ёваи р-ни Хуҷанди вил. Ленинобод мепарваранд. Дарахташ нисбатан дер гул мекунад. Мевааш лӯнда (як донааш 18-20 г), хӯштамъ, пӯсташ зарди кушод. Мағзаш ширин. Ш.-ро барои тархӯрӣ, хушконидан ва консервонӣ истифода мебаранд. Ниҳолаш баъди 2-8 сол ба ҳосил медарояд. Н.Шукуров

Муфассал »

Зардолуи ШИРПАЙВАНД

subhoni-zardolu

ШИРПАЙВАНД, навъи зардолуи маҳаллиро гуянд. Бештар дар боғҳои Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва вил. Фарғонаи РСС Узб. меруяд. Дарахташ тезсабз, хамидашох, соли 2 —3-юм ҳосил мебандад. Мевааш калони байзашакл (вазни як донааш 50—55 г), ҳангоми пухтан сафед, болояш андак сурхтоб мешавад, пусташ тунук. Ба зардолуи навъи моҳтобӣ монанд аст. Миёнадҳои моҳи …

Муфассал »

ШИРИНАК

seb

ШИРИНАК, 1) як навъ себи маҳаллиро гуянд. Дарахташ сершохи аҳромшакл (диаметраш 4 м), ғафсии танааш 74 см, навдаҳои яксолааш хокистарранги сабзтоб, баргаш байзашакли нугтез (дарозиаш 5— 6 см), мевааш байзашакли зарди гулобитоб (дарозиаш 4—7 см, бараш 3,1—4,1 см, ғафсиаш 3—4 см, вазнаш 42—65 г). Ш.-ро дар к-зи «Ҳақиқат»-и p-ни Кулоб …

Муфассал »

ХУРМОӢ

АБДУХОЛИҚӢ

ХУРМОӢ, як навъ зардолуи дерпазак. Асосан дар вилояти Ленинобод (бештар дар районҳои Конибодом, Исфара)-и РСС Тоҷикистон ва районҳои вилояти Фарғонаи РСС Ўзбекистон маъмул шу­дааст. Да­рахти Xурмоӣ тезсабз ва дарозумр буда, аз 2—3-солагӣ cap карда мунтазам ҳосили фаровон медиҳад. Xурмоӣ охири март гул карда моҳи июл мепазад. Мевааш миёна (ба ҳисоби …

Муфассал »

ХУБОНӢ

seb-xuboni

ХУБОНӢ,  1) зардолуро гўянд, ки бо мағзи бодом хушконида шудааст. Xубонӣ аз қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Зардолуро дукафон намуда ба ҷои донакаш мағзи бодомро мегузоранд ва дар офтоб хушк мекунанд. 2) Як чанд навъи себи  сурхро гўянд.

Муфассал »

Зардолӯи СУБҲОНӢ

subhoni-zardolu

СУБҲОНӢ, як навъ зардолуи ҷойдорист. Ниҳолаш соли 8—9-ум ба ҳосил медарояд. Дарахташ баланд ва сершох. Охирҳои март гул мекунад, мевааш июн —июл мепазад. Мевааш калон-калони байзашакл (32— 35 г); зарди баланд, сершира, аз донакаш нағз ҷудо мешавад. 14—16% қанд, 0,5—0,8% ҷавҳар дорад. Аз ҳар бехи он то 400 кг ҳосил …

Муфассал »