Маълумоти охирин
Главная / Теги: Бастакор

Теги: Бастакор

САРКАШ

САРКАШ (557—632), ҳофиз, машшоқ, бастакор ва шоири давраи Сосониён. Муаррихони эронӣ ӯро бо номи Ҷаҳрамӣ ёд кардаанд, муаррихони арман Саркашро Саргис ва муаррихони Юнон Саргиюс номидаанд. Бино ба маълумоти Саъолибӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ӯ аслан аз Ҷаҳрам буда, то ба дарбори Хусрави Парвиз омадани Борбад роҳбарии санъаткорони дарборро ба ӯҳда доштааст. …

Муфассал »

САРКАБ

САРКАБ (550—612), сароянда ва бастакори номии аҳди Сосони- ён. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Систон омӯхтааст. Баъди камолот ба дарбори Хусрави Парвиз омада, роҳбарии гурӯҳи махсуси ақли мусиқиро ба зимма гирифтааст. Саркаб низ мисли Борбад, Саркаш, Озодвори Чангӣ, Гесуи Навогар дар санъати навозандагию сарояндагӣ маҳорати баланд дошта, суруду оҳангҳои зиёди мавсимӣ-маросимӣ …

Муфассал »

САНҶАРИ ОҲУБАРРА

САНҶАРИ ОҲУБАРРА (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастакор ва навозандаи асрҳои 16— 17 тоҷик. Дар Бухоро ба дунё омада, санъати мусиқиро аз устод Муҳаррами Чангии Бухороӣ омӯхт. Санҷари Оҳубарра махсусан созҳон чанг, қонун ва танбӯрро ҳуб менавохт. Ӯ дар сурудхонӣ низ устод буда, мушкилтарин қисматҳои созию овозии мақомҳоро иҷро …

Муфассал »

САЙФИДДИНОВ Шарофиддин Сангинович

САЙФИДДИНОВ Шарофиддин Сангинович (таваллудаш 24. 8. 1929, Хуҷанд), бастакори советии тоҷик, Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон. (1974). Аъзои КПСС аз соли 1962. Аввал ҳамчун скрипканавоз дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод, баъдтар дар Душанбе таҳсил кардааст. Солт 1052 шӯъбаи миллии Консерваторияи Москваро (синфи композитсияи В. Г. Феро, баъдтар факултети назариявии бастакорӣ), соли …

Муфассал »

РУБИНШТЕЙН Антон Григоревич

220px-rubinstein_repin

РУБИНШТЕЙН Антон Григоревич (28.11.1829, деҳаи Вихвати- Подолск—20. 11. 1894, Петергоф, ҳоло Петродворетс), пианинонавоз, бастакор, дирижёр, педагог ва ходими ҷамъиятии мyсиқии рус. Яке аз пианинонавозони машҳури ҷаҳон ва асосгузори мактаби пианинонавозии рус. Дар бисёр мамлакатҳои Европа (1840—1843; 1854—1858) ва ИМА (1872—1873) консерт додааст. Солҳои 1844—1848 дар Берлин ва Вена назарияи мусиқӣ …

Муфассал »

РОССИНИ Ҷоаккино Аптонио

250px-rossini-portrait-0

РОССИНИ (Rossini) Ҷоаккино Аптонио (29. 2. 1792, Пезаро —13. И. 1868, Пасси, наздикии Париж), бастакори италиявӣ. Маълумоти мукаммали мусиқиро дар литсий мусиқии Болоня гирифтааст (1806— 1810). Аз соли 1806 аъзои Академияи филармонии Болоня. Бо асари аввалинаш «Вексол барои никоҳ» (1810, Венетсия) ҳамчун бастакори опера шӯҳрат ёфт. Операҳои «Зинапояи абрешимин» (1812, …

Муфассал »

РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич

РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич (18. 3. 1844, Тихвин 21. 6. 1908, работи Любенск, ҳоло вилояти Ленинград), бастакор, дири- жёр, педагог ва ходими ҷамъиятии рус. Яке аз иштирокчиёни фаъоли «Тӯдаи муқтадир» (симфонияи нахустинашро солҳои 1862 —65 дар таҳти роҳбарии М. А. Балакирев эҷод кардааст; таҳрири дуюм—1874). Махсусан, аз солҳои 70 фаъолияти ҷамъиятию …

Муфассал »

ХАЧАТУРЯН Арам Илъич

ХАЧАТУРЯН Арам Илъич (6. 6. 1903, Тбилиси—1. 5. 1978, Москва), бастакори советӣ. дирижёр, Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973), академики Академияи Фанҳои РСС Арманистон (1963). Аъэои КПСС аз соли 1943. Соли 1934 Консерваторияи Москваро хатм кардааст. Барои асарҳои Xачатурян драматизми теззу тунд ва оркестровкаи олӣ хос аст. Дар …

Муфассал »

ФОЗИЛӢ Мавлоно Фозилӣ

ФОЗИЛӢ Мавлоно Фозилӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастакор, мусиқишинос ва шоири тоҷик (охири асри 16-ибтидои асри 17). Дар Ҳирот таваллуд ёфтааст. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Овози ниҳоят фораму дилкаш дошта, дар пайравии устодови мусиқии Ҳирот асарҳои «Қавл», «Амал», «Нақш», «Пешрав» ва дигарро навиштааст. Фозилӣ соҳибдевон буда, дар …

Муфассал »

ФИРӮЗ БАҲОР

ФИРӮЗ БАҲОР (Аҳмадов Фируз Ҳоҷиевич) (таваллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори советии тоҷик. Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977). Аъзои КПСС аз соли 1984. Омузишгоҳи мусиқӣ, Институти давлатии мусиқию педагогӣ ва Консерваторияи Тошкентро (4971) хатм кардааст. Солҳои 1971—76 омӯзгори Институти давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, аз соли 1976 котиби …

Муфассал »