Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУРЪАТИ РӮШНОӢ

СУРЪАТИ РӮШНОӢ

surati-rushnoi

СУРЪАТИ РӮШНОӢ (суръати нур) дар фазои холӣ (дар вакуум) с, суръати паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ (аз ҷумла нур)-ро гӯянд. Суръати рӯшноӣ яке аз собитаҳои асосии физикаи муосир буда, ҳадди охирини суръати паҳншавии ҳама гуна таъсироти физикӣ дониста мешавад (нигаред Назарияи нисбият). Дар шароити муқаррарӣ бо Суръати рушноӣ ягон сигнал паҳн шуда наметавонад. Сигналҳоро фақат дар вакуум бо Суръати рушноӣ паҳн намудан мумкин. Суръати рушноӣ дар муҳит (с’) гуфта, одатан суръати паҳншавии афканишоти оптикӣ (рӯшноӣ) -ро мефаҳманд: с’ ба нишондиҳандаи шикасти муҳит n вобаста буда, мувофиқи қиматҳои басомадҳон афканишот () қиматҳои гуногунро мегирад:

с'() = с/n().

Дар муҳит Суръати рушноӣ ба басомади (дарозии мавҷ)-и нур вобаста асг.

Суръати рушноӣ ду навъ мешавад: фазавӣ  v=c/n2   n — нишондиҳандаи шикастинур) ва гурӯҳӣ (суръати паҳншавии энергия дар мавҷи квазимонохроматӣ).

Суръати рушноиро бори аввал астрономи даниягӣ О. К. Рёмер соли 1676 дар асоси тағирёбии фосилаӣ вақти байни гирифтҳои радифи Муштарӣ — муайян карда буд (с=300870±2700 мм/сон). Қимати ҳозираи (1985) Суръати рушноӣ чунин аст: с=299 792 458±1,2м/с.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …