Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «СУҲУФИ ИБРОҲИМ»

«СУҲУФИ ИБРОҲИМ»

suhufi-ibrohim

«СУҲУФИ ИБРОҲИМ» тазкираест, ки Алӣ Иброҳими Халилхони мутахаллис ба Халил соли 1791 дар шаҳри Банораси Ҳиндустон таълиф кардааст. Тарҷумаи ҳол ва намунаи ашъори 3278 шоири қадим ва муосирони муаллифро дар бар мегирад. Ба тартиби ҳуруфи алифбои арабӣ сохта шудааст. Бо исми Абӯзайди Бастомӣ шурӯъ шуда, бо Мулло Ягонаи Балхӣ анҷом ёфтааст. Дар «Суҳуфи Иброҳим», ба қавли мусанниф шоирони машҳур, қофиясанҷони ғайримаъруф ва салотини шоиртабъ «бо якдитар аҳди мувофиқат баста, фориғ аз таклифи тафовути дараҷот… зону ба зонуи ҳам… нишастаанд». Ба қавли муаллифи тазкира ӯ дар шарҳи ҳоли муосирони худ, ки аксар дар Ҳиндустон ва қисман дар хориҷи он мезистанд, ҷонибандешӣ (баланд нишои додани ҳамшаҳриҳои худ ва даст задани дигарон)-ро раво надидааст. Шоирони тахаллуси якхела доштаро бо ному лақабу куниязшон зикр кардааст, то шинохтани онҳо осонтар гардад. Халил дар таълифи «Суҳуфи Иброҳим» аз 72 тазкираву манобеиадабиву таърихӣ аз қабили «Маҷмаъ-ул-ансоб»-и Самъонӣ, «Мӯъҷам-ул- буддоӣ», «Чаҳор мақолаҳ «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ, «Таакират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Тазкират-ул-муосирин»-и Ҳазини Лоҳиҷӣ. «Арафот-ул-оши- қин» ва ғайра истифода кардааст. «Суҳуфи Иброҳим» аз ҷиҳати нишон додани соли таваллуду вафоти шоирон, мадфани онҳо, махсусан, ҳамасрони муаллиф яке аз тазкирахои мӯътамад башумор меравад. Нусхаҳои дастнависи «Суҳуфи Иброҳим» дар Берлин, китобхонаи марказии донишгоҳи Теҳрон ва Банкипур (Ҳиндустон) маҳфузанд.

Адабиёт:

М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …