Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРУМИЛИН Станислав Густавович

СТРУМИЛИН Станислав Густавович

stanislav

СТРУМИЛИН (Струмилло Петрашкевич) Станислав Густавович (29. 1. 1877, деҳаи Дашковцы, ҳозира ноҳияи Летинский вилояти Вийсина—25. 1. 1974, Москва), иқтисодчӣ ва статистики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1931), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967). Аъзои КПСС аз соли 1923. Соли 1897 дар ҳаракати революционии коргарӣ фаъолона иштирок карда, ба таъқиботу ҷазо дучор гардид, ду бор аз бадарға фирор намудааст. Вакили съездҳои 4-ум (Стокголм, 1906) ва 5-уми (Лондон,1907) РСДРП.

Асарҳои ӯ асосан ба иқтисодиёт, статистика, роҳбарӣ ба хоҷагии халқ, планкашӣ, пешгӯии демографӣ, иқтисоди сиёсии социализм, таърихи иқтисодиёт, коммунизми илмӣ, сосиология, фалсафа оиданд, Струмилин муаллифи яке аз услубҳои муқаррар кардани индекси самаранокии меҳнат («Индекси Огрумилин») мебошад. Дар таҳти роҳбарии Струмилин дар ҷаҳон аввалин системаи балансҳои материалӣ тартиб дода шуд. Струмилин муаллифи бештар аз 700 асари илмӣ буд. Аъзои Академияи Фанҳои Полша ва Руминия, доктори фахрии Университети Варшава, аъзои фахрии Ҷамъияти демографӣ дар назди Академияи Фанҳои РСЧС.

Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1942), Мукофоти ленинӣ (1958). Бо 3 ордени Ленин, орденҳои Революцияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асар: Избранные произвидений, том 1—8, Москва, 1963—68.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …