Маълумоти охирин
Главная / Илм / СТРУКТУРАЛИЗМ

СТРУКТУРАЛИЗМ

СТРУКТУРАЛИЗМ, як равияи тадқиқотист дар илмҳои гуманитарӣ, ки дар омӯзиши масъалаҳои забоншиносӣ, этнография, адабиётшиносӣ, таърих ва ғайра методу услубҳои структурӣ, моделсозӣ, унсурҳои семиотика ва математикониро истифода мебарад ва дар солҳои 20 асри 20 ба вуҷуд омадааст. Ба маънои танг Структурализм маҷмӯи ақидаҳои илмӣ ва фалсафиест, ки дар заминаи татбиқи методи структурӣ сурат гирифтазст ва солҳои 60 асри 20 дар Франция интишор ёфтааст. Зимни таҳлили структурӣ аввал муносибатҳои синхронӣ ва таъсири мутақобили мавзӯъ таҳқиқ шуда, баъд таърих ва инкишофи диахронии он омӯхта мешавад. Аз ин рӯ, бартарии методологии синхрония аз диахрония ва муносибатҳо аз унсурҳои система рукнҳои асосии Структурализм мебошад.

Мувофиқи таълимоти Структурализм на объектҳои алоҳида, балки таҳлили структураҳои том бояд нуктаи асосии тадқиқоти илмӣ бошад. Мафҳуми структура сараввал дар илмҳои ҷамъиятшинюсӣ воситаи аз ҷузъҳо сохтани куллро ифода мекард. Баъдтар ин мафҳумро бо «шакл», «система», «организм», «модел» ва ғайра баробар карданд. Масалан, ҳам муносибати генетикӣ ба тамоми намудҳои структура ва ҳам принсипи ягонаи мантиқи моҳияти таълимоти структуравии психологи швед Ж. Пиажеро ташкил медиҳад. Ҷараёни маърифате, ки дар он реалият ба воситаи аломат ё системаи аломатҳо тасвир мегардад, имкон медиҳад, ки аз мушоҳидаю тасвири предметӣ ба моделсозӣ гузарад. Ин барои дарки ашё ва ё падида мусоидат менамояд, ки дар ҳамин замина хулосаҳои мантиқӣ, далелҳо ва фарзияҳо баровардан мумкин аст.

Аломат дараҷаҳон гуногуни таъмим дорад. Шакли нисбатан тараққикардаи таъмим ба аломатҳои забонӣ тааллуқ дорад. Зеро забон аз систомаи аломатҳое иборат мебошад, ки сохти муайян дорад. Аз ин рӯ, Структурализм дар забоншиносӣ ҳамчун методи  таҳқиқ интишор ёфтааст.

Намояндаи машҳури Структурализм этнолог ва сосиологи фравсавӣ Клод ЛевиСтрос методҳои таҷрибавию тасвириро дар этнография бо методҳои мантиқию математикӣ пайваста, онро ба дараҷаи методи таҳқиқи назариявӣ расонд ва мавзӯи таҳқиқашро этнолагия номид. Структурализм дар омӯазиши маданияти анъанавии қабилаҳои ҷамъияти ибтидоӣ, фолклоршиносӣ ва дигар соҳаҳои илми ҷамъиятшиносӣ баъзе муваффақиятҳо ба даст овард.

Ғояҳои Структурализм ҳанӯз дар аввали пайдоишаш мавриди баҳсу мунозираҳои намояндагони равияю ҷараёнҳои фалсафӣ ва афкори илмӣ қарор гирифта буд. Баъзеҳо ба он ҷанбаи томи фалсафию сиёсӣ дода, кӯшиш менамуданд, ки идеологияи структуралистиро ба вуҷуд оваранд. Структуралистони дигар дар асоси маҷмуи объективии Структурализм аҳамияти илмию методологии Структурализмро мутлақ гардонда, кушиш мекунанд, ки онро ҳамчун масъалаи муҳими ҷамъиятӣ ва умуман ҷаҳонбинии том қаламдод намоянд ва структураро ба шахс ва таърих муқобил гузоранд. Ин кӯшиши онҳо танҳо зиддияти миёни шахсият ва структураи капитализми давлатию монополистиро ифода мекунад. Фалсафаи марксистӣ Структурализмро ҳамчун маҷмӯи мураккабу зиддиятноки ғояҳо, ки аслан методи структуралистиро ба материализми диалектикӣ муқобил мегузорад, танқид намуда, дар айни ҳол тадқиқотҳои мусбати конкретию илмии онро эътироф менамояд.

Структурализм мактаби нави фалсафӣ (ба монанди навгегелчиён, бергсонизм, экзистенсиализм ва ғайра) набуда, балки методи нави омӯзиши илмӣ мебошад, ки баъзе масъалаҳои методологию тафаккури илмиро дар бар гирифта, дар заминаи инкишофи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва таҷриба ба вуҷуд омадааст.

Адабиёт: Структурализм:  «За» и «Против», Москва, 1978.

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …