Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СТАВРОПОЛЬ

Шаҳри СТАВРОПОЛЬ

СТАВРОПОЛЬ (1935 — 43 — Ворошиловск), шаҳр, маркази кишвари Ставрополи РСФСР. Дар баландии Ставрополь воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан, узели роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 287 ҳазор нафар (1984). Ставрополь яке аз марказҳои калони саноатӣ ва илмию мадании Кавкази Шимолист. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ, химия, хӯрокворӣ, сабук. Корхонаҳои саноати мебел, масолеҳи бинокорӣ, комбинати полиграфӣ низ дорад, Дар Ставрополь институтҳои политехникӣ, хоҷагии қишлоқ, тиббӣ, педагогӣ ва омӯзишгоҳҳои гуногун мавҷуданд. Музейҳои кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ, театрҳои драма ва лӯхтак ҳастанд.

stavropol

Ставрополь дар хатти мудофиаи Азов-Моздок ҳамчун истеҳком бунёд ёфтааст (соли 1777). Аз соли 1785—шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …