Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАРИКОВ Виктор Андреевич

СТАРИКОВ Виктор Андреевич

СТАРИКОВ Виктор Андреевич (7. 9. 1898, шаҳри Марғелони Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон —17. 7. 1983, шаҳри Ленинград), гидроэнергетик, аъзокоррспонденти Академияи Фанҳои  Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1953), Ирригатори Хизматнишондодаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1951). Иштирокчии ҷанги гражданӣ (1918—20). Стариков соли 1925 Институти инженерии нақлиёти Ленинградро хатм кард. Солҳои 1925—27 инженери корҳои техникии Управленияи хоҷагии оби Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбекистон, инженери Управленияи реформаи замин ва бюрои лоиҳакашии Учқӯрғон, 1927—29 инженери калони Управленияи хоҷагии оби Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Солҳои 1900 —45 дар вазифаҳои роҳбарии системаи хоҷагии оби Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон кор кард. Солҳои 1953—58 мудири сектори обёрии Институти хокшиносии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, 1958—61 ҷонишини директори Институти проблемаҳои оби Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (аз соли 1961 Вазорати хоҷагии оби Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон), 1961—65 мудири лабораторияи энергетнкаи умумӣ, мудири лабораторияҳои схемаи хоҷагии оби шӯъбаи энергетикаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи энергетикаи Главэнергопроекти Комитети истеҳсолоти давлатӣ оид ба энергетика ва электриконии СССР, 1966—74 мудири сектори проблемаҳои энергетика ва хоҷагии оби Совет оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. Сатриков доир ба масъалаҳои обёрӣ ва гидроэнергетика бештар аз 60 асару мақолаҳои илмӣ нашр кардааст.

Старкиов депутати Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 2 ва 3). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат. «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Асар: Перспективы ирригации в Таджикистане, Москва, 1933 (ҳаммуаллиф бо Б. Я. Моисеев, А. П. Пахомов); Машинное орошение в Таджикистаие, «Вопросы гидротехники», 1963, в. 28.

И. Мираҳмадова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …