Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАФФОРД Томас

СТАФФОРД Томас

thomas_stafford

СТАФФОРД (Stafford) Томас (тав. 17. 9. 1930, Уэтерфорд, штат Оклахома), кайҳоннаварди Штатҳои Муттаҳидаи Америка, генерали бригадаи Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ, дар истеъфо. Баъди хатми Академияи ҳарбии баҳрии Штатҳои Муттаҳидаи Америка (1932) унвони бакалаври илмро гирифт. Дар Қувваҳои Ҳарбӣ Ҳавоӣ хизмат намуда, дар самолётҳои гуногун парвоз кардааст. Аввали соли 1902 аъзои гурӯҳи кайҳоннавардони Управленияи миллии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба аэронавтика ва тадқиқи фазои кайҳон. 15—16 декабри 1905 дар киштии «Ҷемени-6» (пилоти дуюм) ҳамроҳи У. Ширра парвоз кард. 3—6 июни 1966 ба сифати командири киштии кайҳонии «Ҷемени-9» (ҳамроҳи Ю. Сернан) маротибаи дуюм парвоз намуд. Командири киштии «Аполлон-10» буд (18—29 майи соли 1909). 15—25 июли 1975 ҳамроҳи Д. Слейтон ва В. Бранд аз рӯи программаи ЭПАС (Парвози намоишгаронаи «Аполлон — Союз») ба сифати командири киштии «Аполлон» маротибаи чорум дар парвози кайҳонӣ иштирок кард. Дар рафти ин парвоз киштии «Аполлон» ду маротиба ба киштии «Союз-19» васл гардид ва таҷрибаҳои якҷояи илмию техникӣ гузаронида шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …