Маълумоти охирин
Главная / Илм / СПОДУМЕН

СПОДУМЕН

spodumen

СПОДУМЕН (Фоанс. spodumene аз юнонӣspodumenos ба хокистар табдилёбанда, spodos — хокистар), трифан. минералест аз гурӯхи пироксенҳои моноклинии синфи силикатҳо. Таркиби химиявиаш LiAl (Si2О6). Кристаллҳои приэмашакли дарозиашон 1—10 см, баъзан 1 м ва гоҳо 10—16 метра ҳосил мекунад. Рангаш хокистарӣ, зардча, сабзтоб, гулобӣ, баъзан беранг мешавад. Намудҳои шаффофи гулобӣ ва гулоби бунафштоби Сподумен кунцит ва сабаи зумуррадгуни он гидденит ном дорад. Шишаҷило; сахтиаш 6,5—7; зичиаш 3100—3200 кг/м8. Дар пегматитҳон гранатӣ вомехӯрад. Дар қишри фарсоиш Сподумен ба тезӣ ба минералҳои гилӣ табдил меёбад. Сподумен минерали асосии маъданҳои литий мебошад; кунцит ва гидденит сангҳои қиматбаҳо ҳисоб меёбанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …